Сафири тозатаъини Белорус ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоб тақдим кард

Дирӯз сафири тозатаъини Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович бо котиби якуми Сафорати Белорус Новак Александр Василевич ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд.

Бино ба иттилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳадафи ташрифи меҳмонон тақдим намудани як миқдор китоб ба ин китобхонаи бонуфуз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тақдими китоб будааст, ки ҳамасола 14-уми феврал таҷлил мегардад.

— Тибқи нақша — барнома меҳмонон сараввал аз мусаввараи таърихӣ, Осорхонаи китоб, толори китобҳои тозанашр ва гӯшаи китоби Ҷумҳурии Белорус, ки дар толори шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҷой гирифтааст, боздид намуданд. Баъдан, мулоқоти сафири тозатаъини Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Денисенко Виктор Александрович бо директори Китобхонаи миллӣ профессор Файзализода Ҷумахон Хол сурат гирифт. Дар суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар бахши китобу китобдорӣ миёни китобхонаҳои ду кишвар баррасӣ шуданд. Дар фарҷоми мулоқот ҷаноби сафир як миқдор китоб ба фонди Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Ҳамчунин, директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол барои густариши ҳамкориҳои судманд миёни китобхонаҳои ду кишвар ҷаноби сафирро бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *