Писари Қаззофӣ бо вуҷуди ҳукми қатл аз ҳабс озод шудааст
Вакили дифои Сайфулислом Қаззофӣ, писари Муаммар Қаззофӣ, диктатори собиқи Либия гуфтааст, ки зерҳимояаш, ки соле қабл ба ҳукми қатл маҳкум шуда буд, аз зиндон озод шудааст.
Карим Хон, вакили дофои бритониёии Сайфулислом Қазофӣ, дар догоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ба шабакаи Франс 24 гуфт, ки Сайфулислом шомили авфе шуд, ки қаблан аз ҷониби парлумон эълон гардида буд.
Ишораи Каримхон ба ҳуҷҷати парлумониест, ки дар шаҳри Тибриқ ташкил мешуд ва беш аз эъломи давлати ваҳдати миллии Либия мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Ба гуфтаи оқои Карим Хон, Сайфулислом Қаззофӣ рӯзи 12 апрел (ҳудудан се моҳ қабл) аз зиндон дар шимолу ғарби Либия озод шудааст.
Сайфулислом, ки аз панҷ сол пеш зиндонӣ буд, як сол пеш дар додгоҳ дар Троблус ба ҷурми қатл ва озори мардуми Либия ба ҳукми қатл маҳкум шуда буд. Сайфулислом Қаззофӣ таҳсил кардаи Бритониё 44 сола аст ва дуюмин писари раҳбари собиқи Либия Муаммар Қаззофӣ аст.
Ӯ дар замони ҳукумати падараш нақши муҳим дар саҳнаи сиёсии он кишвар бозӣ мекард ва аз омилҳои аслии саркуби ҳаракати эътирозӣ алайҳи режим маҳсуб мешуд. Вакили дифои ӯ ба Франс 24 гуфтааст, ки баъд аз озодӣ ҳоли ӯ хуб ва маҳалаш амн аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ