Писари бостоншинос Абдурауф Раззоқӣ дар садама ба ҳалокат расид

Дар як садамаи нақлиётӣ писари бостоншинос ва яке аз муҳаққиқони пойгоҳи бостоншиносии “Саразм” дар шаҳри Панҷакент Абдурауф Раззоқӣ — Фарҳод Раззоқов ба ҳалокат расид.

Тавре гуфта мешавад, номзади илмҳои таърих, бостоншинос Фарҳод Раззоқов 30-юми январ дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Айнӣ — Панҷакент дар синни 37-солагӣ ба ҳалокат расидааст.

Фарҳод Раззоқов дар давлатҳои Олмон ва Русия таҷрибаи кориашро сайқал додааст. Ӯ мудири кафедраи бостоншиносӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд. Унвони илмиашро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳимоя намудааст.

— Саҳми Фарҳод Раззоқов дар ковишҳои бостоншиносӣ дар пойгоҳи бостоншиносии “Саразм” назаррас аст,- мегӯяд таърихшинос Шароф Қурбонов.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, Фарҳод Раззоқов муаллифи даҳҳо мақолаву рисолаҳои илмӣ ва китоб буд.

Норинисо Худоёрова, мудири пойгоҳи бостоншиносии “Саразм” марги Фарҳод Раззоқовро як талафоти бузург дар илми бостоншиносӣ арзёбӣ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *