Таҷлили ҷашни Сада дар Хатлон

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ҷашни Сада таҷлил карда шуд.

Дар ин рӯз аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маҳсулоти кишоварзӣ, дарахтону гулҳои гуногуни ороишӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатӣ ба намоиш гузошта шуд. Қисмати дигари чорабинӣ дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов идома кард.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода гуфт, дар соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 20 миллиарду 694-миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати солҳои пешин зиёд аст.

Дар қисмати охири таҷлили ҷашни Сада кишоварзони беҳтарин муайян шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *