Писари президент вориси падар мешавад?
Бар асоси хабари Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов, писари 36-солаи раиси ҷумҳури ин кишвар раиси вилояти Ахал таъйин шудааст.
Бар асоси хабари Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов, писари 36-солаи раиси ҷумҳури ин кишвар раиси вилояти Ахал таъйин шудааст.
Рӯзи 2 январи соли ҷорӣ ӯ ба курсии муовини раиси ин вилоят нишаста буд.
Зимнан, фаъолияти сиёсии Сардор Бердимуҳаммадов дар моҳи ноябри соли 2016, замони интихоб шуданаш ба вакилии парлумони Туркманистон оғоз гардид.
Баъдан ӯ мақоми муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистонро ба ӯҳда дошт.
Сардор Бердимуҳаммадов дар миёни мардум бо номи “писари халқ” маъруф буда, ӯро вориси падараш дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ медонанд.
Дар соли 2018 Сардор Бердимуҳаммадов дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баъдан дар ҳамоиши шӯрои вазирони ИДМ ширкат дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ