СММ: Соли 2050 як шашуми аҳолии ҷаҳон куҳансол хоҳад шуд

Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2050 аҳолии қораи Замин тақрибан ба 9 миллиарду 700 миллион нафар баробар шуда ва Ҳиндустон аз рӯи шумори аҳолӣ аз Чин пеш мегузарад.

Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2050 аҳолии қораи Замин тақрибан ба 9 миллиарду 700 миллион нафар баробар шуда ва Ҳиндустон аз рӯи шумори аҳолӣ аз Чин пеш мегузарад.

Ҳамзамон, дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар ин давра дар бештари кишварҳои ҷаҳон рушди аҳолӣ коҳиш ёфта ва ин кишварҳо ба мушкили куҳансолшавии миллат рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Бар асоси гузориши СММ, аллакай дар соли 2027 аҳолии Ҳиндустон аз Чин бештар шуда, дар даҳ кишвари ҷаҳон-Ҳиндустон, Покистон, ИМА, Миср, Нигерия, Конго, Ҳабашистон, Танзания ва Индонезия рушди босуръати аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, дар соли 2050 ҳар фарди шашуми қораи Заминро сокини 65-сола ташкил медиҳад.Бахусус, мавориди пиршавӣ дар миёни аҳолии Аврупо ва Амрикои Шимолӣ бештар хоҳад шуд. Ин вазъ боиси афзоиши харҷҳои таъминоти иҷтимоӣ, нафақа ва тандурустӣ хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *