Писари Шерали Гул ба даст афтод

Дар Душанбе писари вазири собиқи энергетикаву саноат Шерали Гул, Диловар Гуловро дастгир намуданд. Диловар  шаби гузашта корманди  РУБОП-и шаҳри Душанберо  латукӯб намуда фирор карда буд.

 Номи Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул,  вазири собиқи энергетикаву саноат бори аввал нест, ки дар сархати хабарҳои ҷиноӣ пайдо мешавад.

Моҳи марти соли равон ӯ бо ҳамроҳии 12 нафар барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир шуда буданд. Ҳамчунин дар соли 2015 Диловар барои бе ҳуҷҷати зарурӣ сиёҳ намудани шишаҳои автомобилаш  ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.

Тибқи маълумотҳои бадастомада, Диловар Гулов писари Шералӣ Гул аз ҳамсари дуюмаш Меҳринисо Сагалиева, хоҳари вакили собиқи парлумон Саодат Амиршоева буда, дар тарбияи модараш мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *