Келинҳои урусӣ дар Тоҷикистон

Солҳои охир муҳоҷирони тоҷик аз Русия на танҳо пул, балки ҳамсафари ҳаётиашонро низ меоранд.

Чаро мардони мо гулдухтарони қошпайванди тоҷикро бо малламӯйҳои рус иваз мекунанд? Наташа, Мария ва ё Светаи Масквагӣ ба хотири чӣ аз баҳри ҳаёти пур аз нишоти Русия гузашта аз паси тоҷикбачаҳо ба деҳоти дурдасти Тоҷикистон меоянд ва дар чангу хок ғӯта задаю аз паси гову гӯсола давида, умрашонро бо таппак ва дарав мегузаронанд?

Дар ин матлаб ҳамин мавзӯъро думболагирӣ хоҳем кард…

Келин ҷони худоӣ гуфта, гурехт

Бобоям қисса мекунад, ки як дӯсташ дар Иордания хизмат карда, ба Елена ном духтараки маҳаллӣ ошиқи зор шудааст. Бечора духтар ба хотири ишқи тоҷикбача аз баҳри дину оин, ватан ва падару модараш гузашта ҳамроҳи ошиқаш ба Тоҷикистон меояд, вале модари домод аз рӯзи аввал ӯро хуш накарда, рӯзашро ба шаби тор табдил медиҳад. Кампири бадҷаҳл келини ба пойи худаш омадаро рӯз то бегоҳ хар барин кор фармуда, чунон аз зиндагӣ безор мекунад, ки ногуфтанӣ.  Духтараки берӯзи се сол бо чашмони ашкбору дили хуншор ба ранҷу азоби хушдоман ва ҳаёти сангини деҳа тоқат карда, аз шавҳараш пинҳонӣ пул ҷамъ мекунад. Як саҳар ҳанӯз аҳли оила аз хоб бедор нашуда, арӯси селовард ҷони худоӣ гӯён, аз деҳа фирор мекунад.

Оқибати никоҳи тамоми домоду арӯсони миллат, забон ва дину  мазҳабашон бегона ҳамин аст ё ҷуфтҳое низ ҳастанд, ки ба хотири ишқу муҳаббат тамоми монеаҳоро сабурона пушти сар мекунанд? Ҷавоби ин саволро дар мисоли зиндагии се оилаи интернатсионалӣ дарёфтем ва инак, тақдири онҳоро ба шумо хонандагони азиз қисса мекунем.

Алёна Михайловна:

Дар 15-солагӣ ба тоҷикбача ошиқ шудаму…

Алёна бойдухтари рус буда, 11-сол пеш ба Юсуф ном ҷавони тоҷик ошиқ шудааст. Ба хотири ишқу муҳаббат ин духтари сарватманд аз баҳри ҳаёти шоҳона ва зиндагии серу пур гузашта, ба Тоҷикистон омадааст. Алёна ва Юсуф дар яке аз деҳаҳои дурдасти куҳӣ зиндагӣ мекунанд ва аллакай соҳиби се фарзанд гаштаанд. Алёна мисли занҳои деҳот либосҳои васеи тоҷикӣ пӯшида, рӯймол мебандад ва ҳатто намоз мехонад. Вақте ки чӣ тавр бо ҷавонмарди тоҷик оила барпо кардани ин духтари русро пурсон шудем, Алёна табассум намуда, чунин қисса кард:

-Ҳанӯз 15- сола будам, ки падарам ҷавони тоҷикеро бо исми Юсуф ҳамчун боғбон барои нигоҳубини боғу роғамон ба хона овард. Ман он вақт толибаи мактаб будам ва ҳар саҳар аз хоб хеста медидам, ки чӣ тавр Юсуфи бечора бо асбоби алафдаравӣ заминҳои рӯи ҳавлиямонро тоза мекунад. Вай мисли бачаҳои рус танбал ва майзада набуд, рӯзи дароз дар боғ ҷунбида, меҳнат мекард. Ҳамин хислаташ ба ман писанд афтид ва бо боғбон ҷӯра шудам. Падарам роҳбари яке аз калонтарин ширкатҳои моҳидорӣ аст,  вале одамони ҳалолкор ва меҳнатиро дӯст медорад. Дӯстии ману Юсуфро дида, вай бо ифтихор ба дӯстонаш мегуфт: “Я горжусь, что моя дочь дружит с таким трудолюбивым и честным человеком.”

Хулласи калом, аз ину он суҳбат карда, мо ба ҳамдигар дил бастем. Бечора Юсуф модари пири барҷомонда ва як бародари зиндонӣ доштааст. Саргузашти ӯро шунида чашмонам ҳавзи об мешуданд. Пинҳонӣ аз падарам ба Юсуф пул медодам, ки ба модари пираш равон кунад. Се сол Юсуф ҳамчун боғбон дар хонаи мо мезист. Вақте ки аз падарам якмоҳа ҷавоб гирифта ба ватанаш рафт, аз ғами дуриаш қариб девона мешудам. Маҳз дар ҳамон давра дарк намудам, ки ин тоҷикбачаи хоксору меҳнатӣ бароям чӣ қадар азиз аст. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки чӣ тавр рӯзи дубора ба хонаамон омадани Юсуф шарму ҳаёро фаромӯш карда, мани 18-сола дар пеши чашми ҳама ба гардани ӯ овезон шудам ва аз шодӣ гиря кардам. Падарам маро сарзаниш кард ва қариб буд, ки Юсуфро аз хона пеш кунад, вале баъд ором шуд ва як шом торти калонеро бардошта омаду фармуд, ки ягон хӯроки бомаза пухта мизро идона оро диҳем. Аз модарам пурсидам, ки ба хотири чӣ падарам зиёфат доданист, вале китф дарҳам кашида намедонам гуфт. Бегоҳ дар сари мизи пур аз нӯшу неъмат падарам ба дӯстонаш ва аҳли оила рӯй оварда гуфт: “Теперь у меня двое детей, я хочу сообщить вам, что выдаю свою дочь замуж за этого таджика.”

Ман аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам, Юсуф низ баробари ман хурсандӣ мекард. Меҳмонҳо қадаҳ бардошта, барои хушбахтии мо нӯшбод гуфтанд. Ҳамин тавр баъди чанд вақт падарам аз ҳисоби худаш дар тарабхонаи “Афиша” тӯйи пуршукуҳе ороста, тақдири ману Юсуфро бо ҳам пайваст. Як сол пас ба Тоҷикистон омадем. Модари Юсуф кампири 77-сола кулчаҳои қаймоқӣ пухта хешу таборашро хабар кард ва як маъракача орост. Муллоро оварда, моро никоҳи мусулмонӣ карданд. Забонашонро намефаҳмидам, меҳмонҳо чизе, ки нагӯянд, дар ҷавоб табассум мекардам. Рӯзҳои аввал зани бародари Юсуф “Алёна, ту хӯрок паз, ман гову молҳоро мебинам” гӯён, ба таври худаш дар ҳаққи мани ғариб меҳрубонӣ мекард. Дасту остин барзада гречка, борш, перловка, уха, свеколник мепухтам, вале ба ҷуз худаму шавҳарам дигар ягон кас хӯроки пухтаамро намехӯрд. Ҷиянҳои Юсуф “оча, хӯрокро худатон пазед, авқотҳои пухтаи янгаи урусамон бемазаанд” гуфта, биниашонро инҷ мекарданд. Оҳиста-оҳиста авсунам ба ман пухтани оши палави тоҷикӣ, мастоба, оши тӯпа, қурутоб ва ҳатто шакаробро ёд дод. Кору бори хонаро ҳам ёд гирифта ба қавле бало шудам. Дар ин миён хушдоманам бемор шуда аз дунё гузашт. Юсуф аз ғами модараш ягон чиз намехӯрд, вале ман ӯро тасаллӣ дода мегуфтам, ки роҳи ҳамаамон ба ҳамон ҷониб аст, ин қадар бисёр ғусса хӯрда, худашро афгор накунад. Шавҳарам ҳар сол ба Русия коркунӣ рафта меояд, ман бошам бо кӯдаконам дар деҳа мемонам. Пештар ҷиянҳои Юсуф маро ба қаҳрамонҳои мултфилмҳо монанда карда  “Алёнушка”, “Русалка” ва ҳатто “Красная шапочка”  мегуфтанд, вале оҳиста-оҳиста одами худӣ шуда мондам. Ба ҳаёти деҳа одат кардаам. Хонаводаи шавҳарам боғу роғи бисёр доранд. Қатори дигар занҳои деҳа дар боғ кор мекунам, ангур мечинам, дос гирифта дарав меравам. Хушбахтам, ки оилаи обод, шавҳари хуб ва фарзандони солим дорам.

 
Наслиҳа Мамадзокирова:
Шавҳарам маро аз Доғистон дуздида овард

Ман зани 34- сола ҳастам. 7 сол пеш аз Доғистон ба Тоҷикистон омадам. Ману шавҳарам Муҳаммад дар як фирмаи нӯшокибарорӣ якҷоя кор карда ба ҳамдигар дил бастем. Муҳаммад ваъда дода буд, ки дар худи Доғистон тӯй карда зиндагонӣ мекунем, вале баъд аз фикраш гашт ва маро дуздида ба Тоҷикистон овард. Ҷанҷол кардам, ки ман дар ин ҷо зиндагӣ кардан намехоҳам, биё ба Доғистон баргардем, вале Муҳаммад қасам хӯрд, ки ба ҷуз марг дигар касе чизе маро аз ӯ ҷудо карда наметавонад. Намедонам волидони бечораам пас аз гум гаштани ман чӣ қадар ҷигархун гашта бошанд, чунки танҳо се сол пас занг зада, шавҳари тоҷик кардану дар Тоҷикистон буданамро гуфтам. Як писарча дорам. Номаш Аврангзеб аст. Пештар кори бори деҳа, хоса ғалладарав ҷонамро ба нӯги биниам меовард. Дастам ҳеҷ ба кор намепечид, аз дигарон ақиб монда, аз хушдоманам гап мешунидам ва аламамро аз гиря мегирифтам. Шавҳарам маро дӯст медошту мудом пуштибонӣ мекард. Оҳиста-оҳиста Муҳаммад роҳу равиши зиндагии тоҷиконаро ба ман ёд дод. Гоҳ-гоҳ падару модарам ба ёдам расида, дилу ҷигарам оташ мегирад, вале дар маҷмӯъ аз арӯс шуда ба Тоҷикистон омаданам пушаймон нестам. Ба хотири шавҳар ва писарчаи зебоям ватани шуморо дӯст доштам ва дину оинатонро қабул кардам. Имрӯз мани доғистонӣ худро зани тоҷик меҳисобам.


Арӯс аз Қазоқистон

Ман 30-сола ва аслан аз Қазоқистон ҳастам. Пештар шавҳари қазоқ доштам, вале бо сабаби бисёр азият доданаш аз ӯ ҷудо шудам. Барои зиндагиямро пеш бурданд, бо дуои волидонам ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтам. Дар як сохтмон ба ҳайси ошпаз кор мекардам. Дар ҳамон ҷо бо Аслиддин, ки аз Ҳисор будааст, шинос шуда оила барпо намудам. Як сол пас шавҳарам маро ба зодгоҳаш дараи Алмосӣ овард. Боду ҳаво ва меваҳои шаҳдбори Ҳисор ба ман писанд омад, вале дар як оила 22 нафар зиндагӣ карданашонро дида ба даҳшат афтидам, ки ин қадар одамро чӣ хел сер мекарда бошанд.  Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дар Русия ошпаз буданамро фаҳмида,  хушдоманам дегу табақро ба ман дод. Як дег хӯрок пазам ҳам, то косаву табақро шуста меомадам, ки хӯрок тамом мешуд. Дидам, ки намешавад, дар назди шавҳарам шарт гузоштам, ки хонаи алоҳида созад ё ҷавоби маро диҳад. Мардакам ғайрат карда манзили нав бунёд намуд. Акнун ҳамроҳи шавҳарам алоҳида зиндагӣ мекунам. Дигар на хушдоман ба ҳаёти мо “лезит” мекунаду на авсунҳоям. Пушаймон нестам, ки ба ҷавонмарди тоҷик расидам. Бачаҳои тоҷик номард нестанд, занро, ки гирифтанд, уҳда мекунанд.

Рустам Азимӣ

Р\С

Хонандагони азиз, агар шумо ҳам чунин оилаҳои интернатсионалиро медонед ё касе аз хешу таборатон аз Русия ва ё кишвари дигар зан оварда, имрӯз хушбахт аст, метавонад қиссаи ишқу муҳаббати онҳоро навишта ба мо фиристед. Телефон барои тамос: 985-81-89-81

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *