Почтаи сердаромад ва интернети қимати бесифат

Санаи 28 январ мувофиқи нақша нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар он шахси авали ин хадамот ҳузур надошт ва мисли ҳарвақта дар сафари корӣ буд. Муовинони сардори Хадамоти мазкур Адолат Абдураҳмонзода, Илҳомҷон Атоев ва роҳбарияти зерсохторҳои Хадамоти алоқа — ҶСК «Тоҷиктелеком», КВД «Почтаи тоҷик», Маркази мутобиқгардонии электромагнитӣ дар нишаст иштирок намуда, ҳисоботи худро пешниҳод намуданд, ҳамчунин, ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфтанд.

Дар нишаст ироа гардид, ки даромади умумии Хадамоти алоқа ва операторони хусусӣ дар соли сипаригардида 2613 млн. сомониро ташкил додаст, ки нисбат ба соли 2017 59 млн. сомонӣ камтар аст.
Дар байни хизматрасониҳои Хадамоти алоқа танҳо КВД «Почтаи тоҷик» даромади нисбатан зиёд ба даст овардааст, ки   8,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Он нисбат ба соли қаблӣ 2,8 млн. сомонӣ зиёд аст.
«Вазъи хизматрасонии алоқа дар ҷумҳурӣ қаноатбахш буда, барои дар мавзеҳои дурдаст дастрас намудани алоқа тамоми кӯшишу ғайрат равона карда мешаваад» — омадааст, дар варақаи иттилоотии Хадамот.
Муовинон ба саволи рӯзноманигорон оиди баланд шудани нархи сим-кортҳо ҳамин қадар посух гуфтанд, ки «тағирот шавад ба шумо хабар медиҳем» ва дигар тафсилот надоданд. Дар хусуси он, ки чаро интернети мо нисбат ба интернети ҳамсоякишварҳоямон гаронтар аст, Илҳомҷон Атоев посух гуфт, ки «нархи сӯзишворӣ дар Бишкек бинед чӣ қадар асту дар мо чӣ қадар. Ман наменолам- ку». Тафсилоти ин нишастро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» метавонед мутолиа кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *