Прокуратураи генералӣ “Манзили дастрас”-ро тафтиш мекунад

Прокурори генералии  Тоҷикистон гуфт,ки қазияи тарҳи «Манзили дастрас»-ро Раёсати парвандаҳои муҳими прокуратура зери назорат гирифта, аллакай чаҳор нафар боздошт шудаанд.

Юсуф Раҳмон ин суханонро 29-уми январ дар ҳузури хабарнигорон ба забон овард ва ин чаҳор нафар онҳое мебошанд, ки даст ба фиреби муштариёни тарҳи «Манзили дастрас» задаанд. Аллакай аз   як нафар боздоштшуда 500 ҳазор сомонӣ рӯёнда ва аз дигаре 4 адад техника гирифта шудааст. Юсуф Раҳмон афзуд, ки тафтиши қазияи мазкур идома дорад ва талош доранд зарари расондашуда ба ин тарҳ рӯёнда шавад. Юсуф Раҳмон аз мардум тақозо кард, ки ҳангоми маблағгузорӣ ба тарҳҳои сохтмонӣ танҳо тариқи роҳҳои қонунӣ амал кунанд. Ҳарчанд аз чаҳор нафари боздошшуда ном бурда нашуд, аммо тибқи иттилои қаблӣ Нурулло Наимов, роҳбари собиқи тарҳи «Манзили дастрас» яке аз боздошшудаҳо мебошад. Масъулини «Манзили дастрас” мегӯянд, ҳоло ҳудуди 80 дарсади корҳо дар ин тарҳҳо иҷро шудааст ва талош мекунанд, ҳар чӣ зуддтар хонаҳо дастраси  соҳибонашон гарданд. Сохтмони хонаҳои «Манзили дастрас» дар Душанбе соли 2013 шурӯъ шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намоянд. Собиқ шаҳрдори Душанбе бо пиёда кардани ин лоиҳа мехост, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷетӣ бо манзили арзон таъмин шаванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *