“Пойга” ва тавоноии сиёсӣ
Саҳми мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар муаррифии симои мамлакат дар мисоли “Гран — Прии Душанбе” оид ба ҷудо
Ҳар як кишвар системаи ба худ хоси ташкили ҳаракати варзиширо дорад, ки он аз анъанаҳои таърихӣ, низоми муқарраршудаи арзишҳои фарҳангӣ, намуди ҳукумат, шароити сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, некӯаҳволии моддӣ, рушди илм, технология, фарҳанги иҷтимоӣ ва бисёр омилҳои дигар вобаста аст.
Метавон гуфт, варзиш ва рушди ҷомеа ба таври органикӣ алоқаманданд. Аз ин рӯ, сатҳи дастовардҳои варзишии варзишгарони ҳар як кишвар аксар вақт ҳамчун нишондиҳандаи равшани тавоноии ташаккули ҷамъияте, ки онҳо намояндагӣ мекунанд ва зиёда аз он, қобилияти зиндагонии варзишии тамоми миллат ҳисобида мешавад. Варзиш метавонад ҳамчун нишондиҳандаи универсалӣ хизмат кунад. Зеро як варзишгари касбӣ қудрати таъсир расонидан ва ҳатто ворид кардани тағйирот дар аксар соҳаҳо, махсусан дар муаррифии симои давлатро дорад. Фаҳмидани он, ки варзиш дар эҷоди симои давлат фаъолона иштирок мекунад, аллакай миёни кишварҳои абарқудрат ба “пойга” табдил ёфтааст ва аз зовияи дигар онро ба тавоноии сиёсии ҳамон давлат алоқаманд мекунанд. Ба ин чиз рақобати беавохири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳоло Россия ва Амрико мисол шуда метавонад.
Ба гуфтаи М. Презуменшиков, муаллифи китоби «Большой спорт и большая политика” (“Варзиш ва сиёсати бузург”), “дар замонҳои гуногун ва дар кишварҳои мухталиф кӯшиш мекарданд, ки ба дастовардҳои варзишӣ заминаи идеологӣ диҳанд, муваффақият ё нокомиро дар арсаҳои варзишӣ ба ҳукумат вобаста кунанд”.
Бе муҳобо метавон гуфт, муваффақиятҳо дар мусобиқаҳои бонуфуз варзишгарони ватаниро ба як “тамға”-и машҳур ва муаррификунандаи симои давлат табдил медиҳад.
Профессор Л. Лубишева менависад: «Дар солҳои 60-ум баъди нашри китоби Р. Бойл «Варзиш оинаи ҳаёти Амрикост» варзиш ба як маҳфили миллӣ табдил ёфта, намунаи худи ҷомеаи Амрико эълон шуд. Аз солҳои 1970 ва 1980 варзиш дар Иёлоти Муттаҳида «дини дуюм» буд, ки аксари амрикоиҳо ба он эътиқод доранд».
Барои нишон додани муносибати ҷомеаи Амрико ба варзиш изҳороти ду президенти ИМА-ро мисол овардан кофист. Р. Кеннеди бевосита кайд кардааст: “Қисми нуфузи миллӣ дар бозихои олимпӣ ба даст оварда мешавад”. Ҷ. Форд гуфта буд: «Дар шароити кунунии системаи алоқаи оммавӣ тантанаи варзишӣ воситаи самараноки баланд бардоштани руҳияи миллат аз ғалаба дар майдони ҷанг камтар нест».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон низ барои баланд бардоштани вазъи варзишии кишвар дар даҳ соли охир бо сохтани майдонҳои варзишӣ ё таъмири онҳо натиҷаҳои назаррас нишон дода, барои варзишгарон шароити мусоид фароҳам меорад. Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Дар воқеъ, варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсоният аҳамияти хоса дошт ва он яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти солими ҷомеа аст. Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ, рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон мусоидат мекунад, инчунин пайвандгари муносибатҳои дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ошноии мардумони гуногуни олам мебошад».
Ҳар давлат ба мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ беҳтарин варзишгарон ва дастаҳояшро мефиристад, натиҷаҳои ба даст меовардаи онҳо пеши назари мардум ва расонаҳо қарор мегиранд. Аз ин рӯ, нақши асосӣ дар эҷоди симои варзишии кишвар маҳз дар дасти варзишгарони касбист. Рақобат — сифати муҳими варзиш ба рақобат дар сиёсат шабоҳат дорад, аммо худ аз худ аҳамияти сиёсӣ пайдо карда наметавонад, зеро машғул шудан бо варзиш ин ғайрисиёсӣ аст, аммо вобаста ба шароит ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба як раванди сиёсӣ табдил меёбад. Ҳеҷ як варзишгар дар бораи худ сухан намегӯяд, вай давлатеро муаррифӣ мекунад, ки ӯро ба мусобиқа омода кардааст, барои тамрин, таҷҳизот, интиқол ба майдони мусобиқа маблағ ҷудо кардааст. Бинобар ин, пирӯзии варзишгар ногузир ба пирӯзии кишваре табдил меёбад, ки ӯро вакил кардааст.
Метавон гуфт, варзишгарон бо ғалабаашон на танҳо парчамро баланд мебардоранд, балки диққатро ба кишваре ҷалб мекунанд, ки онро намояндагӣ доранд. Ҳазорон шахс бо дидани чусту чолокии варзишгарони касбӣ лоақал як маротиба вориди интерет шуда, аз ҷойгиршавӣ ва вазъи давлате, ки чунин варзишгаронро дорад, дидан мекунанд. Ҳатто кори шореҳон низ дар муаррифии симои варзишии кишвари муайян ҷои таъкид аст, зеро аз забони онҳо баъзан баҳои ном ва насабҳои варзишгарон, нишондодҳои миллаташон — “амрикоӣ”, “олмонӣ”, “финӣ”, “тоҷик ё тоҷиктабор”, “рус” ва ғайраро шунидан мумкин аст. Азбаски мамлакатхои дорои сохти ҷамъиятию сиёсии гуногун дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекунанд ва воситаҳои ахбори омма ба миллиардҳо нафар одамони тамоми ҷаҳон аз рафти мусобиқаҳои байналхалқӣ хабар медиҳанд, ин мусобиқаҳо барои гузаронидани пропагандаи миллӣ, идеявӣ ва дигар масъалаҳо мувофиқ аст.
Муҳаққиқи соҳаи журналистика Мансур Бойзода вазифаи иқтисодӣ ва сиёсии варзишро махсус қайд карда, таъкид мекунад, ки “баргузор кардани мусобиқаи байналмилалӣ дар кишвари худ ангезаи иловагӣ дорад ва рафту варзишгарон ҷойҳои намоёнро аз они худ кунанд, рейтинги варзиши кишвар болотар рафта, ҳамзамон имкони нишон додани воқеияти Тоҷикистон ба вуҷуд меояд, ки то кадом андоза мо қудрати баргузории чунин мусобиқаҳоро дорем…”.
Муҳаққиқи дигари журналистика Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ ба он назар аст, ки “баргузории мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама имкон медиҳад фазои сулҳу дӯсти ва имконоти кишварро муаррифӣ кунем…”.
Аз 2 то 4-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо — Гран Прии Душанбе баргузор шуд. Ин чорабинӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори аввал дар Тоҷикистон доир гардид. Гран Прии Душанбе дар доираи мусобиқоти “Сайри ҷаҳонии ҷудо”-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад. Барои ширкат дар Гран Прии Душанбе ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати дунё номнавис шуда буданд. Аз ҷумла, тими мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон дар ҳайати 34 варзишгар — 28 мард, 6 зан — дар ин мусобиқа ширкат кард. Тайи ду рӯз ВАО ва ВЭА-и варзишии ҷаҳон натанҳо аз ҷудо, балки аз Тоҷикистон ва шароиту чигунагии он қисса кард. Шуруъ аз кушодашавии мусобиқа, ки бо суруди “Иттиҳоду дӯсти поянда бод…” ва онро аксари расонаҳои ҷаҳон ба шакли онлайн намоиш доданд. Маълум буд, ки мусобиқа дар сатҳи баланд мегузарад ва ин лаҳзаҳоро сомонаи расмии IJF — international Judo Federation дар расонаҳои иҷтимоӣ ва Judo.tv пахш кард. Шабакаи машҳури Euronews низ ҳудуди чаҳор дақиқа аз кушодашавӣ ва ҷараёни рӯзи аввали мусобиқа гузориш дод.
Агар ба варзишгарон ва намояндагони кишварҳои меҳмон, инчунин гузориши шабакаҳои телевизиониву расонаҳои интернетии хориҷӣ назар кунем, бе муҳобо метавон гуфт, ки аз меҳмондорӣ, шароити гузаронидани мусобиқа, мухлисии ҳазорон дӯстдори варзиш, ки ба ҳар партофти ҷолиб новобаста аз намояндаи кадом кишвар будан доду фарёд мезаданд, ба ваҷд омада, қисса мекарданд. Варзишгарони тоҷик низ бо азму талоши рустамона мизбон будани худро нишон доданд ва дар баробари даҳҳо мухлисони парчамбардор бо барафшон шудани ливо суруди миллӣ мехонданду ба ин минвол саҳми худро дар муаррифии симои варзишии кишвар мегузоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои олимпӣ барои варзиши бузурги байналмилалӣ ҳамеша аҳамияти хоса доштанд. Асосгузори бозиҳои олимпӣ Пер де Кубертен тафовути куллии байни бозиҳои олимпиро аз дигар мусобиқаҳои варзишӣ гуфта буд, ки “Олимпиада на бештар мусобиқа, балки фестивали ҷавонон аст”. Аз ин рӯ, кишварҳо кӯшиш мекунанд, ки маҳз дар бозиҳои олимпӣ ё мусобиқаҳое, ки барои роҳхати ин мусобиқа аст, худро аз ҳарвақта хубтару беҳтар нишон диҳанд.
Метавон гуфт, варзиш эҷоди ҳисси ҳувият ва эътибори миллӣ мебошад.
Исфандиёр НОСИРОВ,
унвонҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ