Покистон: Кушта шудани донишҷӯ барои «куфиргӯӣ» дар интернет

Машъал Хон – донишҷӯи 23-солаи покистонӣ – ба иттиҳоми “куфргӯӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушта шудааст. Мақомоти Покистон рӯзи 14 апрел гуфтанд, ки ӯро гуруҳи донишҷӯёни донишгоҳи Адулвалӣ Хон дар шаҳри Мардон то мурдан задаанд. Дар наворҳо низ дида мешавад, ки Машъал Хон дар замин хобидааст ва одамон бо чӯб ӯро лат мекунанд.

Машъал Хон рӯзи ҷумъа дар зодгоҳаш, тақрибан 100-килотмерии шимоли ғарби пойтахти Покистон, ба хок супурда шуд. Падараш Муҳаммад Иқбол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “давлат бояд таҳқиқ кунад, ки чаро ин ҳодиса иттифоқ афтод ва марги писари ман ҷузъе аз ин таҳқиқот бояд бошад”, — афзуд ӯ.

Вай гуфт, ҳар вақте ки мавзӯи динӣ баррасӣ мешуд, писараш ба паёмбари ислом эҳтиром дошт. Ба қавли Муҳамад Иқбол, “писарам донишҷӯи бахши журналистика буд ва фақат аз низоми давлати Покистон интиқод кардааст.”

Пулиси маҳаллӣ дар робита ба ин ҳодиса даҳ нафарро боздошт кардааст. Дар ҷомиаи муҳофизакори Покистон куфргӯӣ ҷинояти сахт аст ва одам метавонад ҳукми қатл бигирад. Аз соли 1990 ба ин тараф ба камияш 65 нафар бо ин ҷурм қатл шудаанд.

Ахиран давлати Покистон ваъда дод, ки бо нашру паҳни ақидаҳои куфромез дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ мубориза мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *