Ҳасани Рӯҳонӣ боз президент шудан мехоҳад

Ҳасани Рӯҳонӣ, сарвари феълии ҷумҳури  Эрон, барои ширкат дар интихоботи ояндаи президентӣ, ки рӯзи 19 май баргузор мешавад, сабти ном кардааст.

Ба иттилои ИРНА — хабаргузории расмии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 14 апрел ба Ситоди интихоботӣ дар Вазорати умури дохилии он кишвар ҳозир шуд ва худро барои ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ сабти ном кард. Ҳасани Рӯҳонӣ номзади ҷиноҳи ислоҳталабон дар интихобот мебошад.

Ӯ дар тобистони соли 2013 президенти Эрон интихоб шудааст. Бар асоси қонуни интихоботӣ дар Эрон, як нафар ҳақ дорад то ду бор (чаҳорсолӣ) пайдарпай роҳбари давлат шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *