Покистон: Салоҳияти Навоз Шариф рад карда шуд
Додгоҳи олии Покистон салоҳияти Навоз Шариф, нахуствазири пешини ин кишварро барои раҳбарии Ҳизби робитаи мусалмонон рад кард. Навоз Шариф соли гузашта ба иттиҳоми фасод аз нахуствазирӣ барканор шуд. Аммо ӯ ин иттиҳомро радд мекунад. Додгоҳи Покистон таъкид кард, ки барканории Навоз Шариф аз мақоми нахуствазирӣ сабаби радди салоҳияти вай дар раҳбарии ин ҳизб аст.
Додрас Нисор аз Додгоҳии олии Покистон гуфтааст, Комиссияи интихоботии Покистон номи Навоз Шарифро аз тамоми парвандаҳои расмии ин кишвар ба унвони раҳбари Ҳизби робитаи мусалмонон, ҳазф мекунад. Ин масъала сабаб мешавад, феҳристи номзадҳои Ҳизби робитаи мусалмонон барои интихоботи Сенати Покистон, ки аз сӯи Навоз Шариф эълом шудааст, дигар эътибор надошта бошад. Ҳизби робитаи мусалмонон дар порлумони Покистон аз ҳама бештар намоянда дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ