Маликаи ҳунар кист: Ситора ё Мино?

То анҷоми озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» ҳамагӣ  чор-панҷ ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Оре, танҳо чор-панҷ ҳафтаи тақдирсоз довталабони озмунро дар пеш аст. Ҳунармандоне, ки дар ин давра шумораи зарурии овозҳоро ба даст оварда наметавонанд, ба даври финалии озмун роҳ наёфта, ноком хоҳанд гашт.

Рақобат байни ду шоҳбонуи дигари саҳнаи тоҷик-Мино ва Ситораи Кароматулло низ бисёр шадид ҷараён дорад. Мухлисони овози ширину ширадори Ситора ба ҷонибдории ин нозанин даста-даста анкета фиристода, мехоҳанд шоҳбонуи саҳнаи тоҷик будани Ситораро исбот намоянд, вале мухлисони Мино низ аноӣ нестанд. Ошиқони Минои париваш аз Ҳисору Турсунзода ва Дарвозу Данғара занг зада таъкид менамоянд, ки то лаҳзаи охирин барои ғолиб омадани Мино талош хоҳанд кард.

Шумораи овозҳои ин ду бонуи саҳна қариб якхела буда, ба 700 дакка мехӯрад, вале ғалаба насиби кадоме аз ин зебосанамҳо мешавад, инро танҳо ҳисоби баргаҳо дар рӯзи охири озмун муайян хоҳад кард.

Азиза ҳамаро қоил кард!

Ситора Азимӣ ва Азиза Каримова ҳарду баробар бахти худро дар озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» санҷиданиянд. Азиза Каримова ҳафтаи равон суруди «Мардонагӣ»-ро басо ширин суруда ҳамаро қоил кард ва аз ҷониби ошиқон якбора 570 овоз гирифт. Саъдӣ ном мухлиси Азиза ҳангоми овозҳои ин бонуро ба идора овардан, гуфт, ки орзуи ягонаи Азиза дидан намудан аз шаҳри афсонавии Дубай аст ва ӯ мехоҳад бо дастгирии мухлисонаш роҳхат ба Дубайро соҳиб гардад.

Тақдири ситораҳо дар дасти кист?

Ёдрас мешавем, ки то анҷоми озмун каме бештар аз як моҳ вақт мондааст. Консерти ҷамъбастии ғолибони озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» саннаи 17-уми март бахшида ба иди Наврӯзи оламафрӯз дар толори Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ доир хоҳад гашт.

Фурсатро аз даст надиҳед, зеро ҳар як барга-анкетае, ки шумо аз ҳафтаномаи «Оила» бурида гирифта, ба ҷонибдории ин ё он сароянда мефиристед, нақши бисёр муҳим дорад. Як овоз метавонад якбора тақдири ду ҳунармандро ҳал кунад, бинобар ин, танбалӣ накарда фаъолона овоз диҳед. Анкетаи озмуни «Оҳанги ҷавонӣ»-ро аз ҳар шумораи ҳафтаномаи «Оила» бурида гиред ва номи ҳунарманди дӯстдоштаатонро навишта, анкетаро пур карда, бо суроғаи зерин фиристед: ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шарозӣ 16, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила», телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52 ва 985-81-89-81.

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *