Пол Погба бори сеюм падар шуд
Футболбози фаронсавӣ ва ҳамзамон бошгоҳи “МЮ” Пол Погба дар саҳифаи инстаграмаш ба миллионҳо обуначӣ аз хурсандии навбатиаш хабар дод.
Номбурда бо нашри чанд акс хабар дод, ки фарзанди сеюмаш ба дунё омадааст. Кӯдаки сеюми футболбоз писар аст.
Ӯ дар шарҳи суратҳо чунин навишт:
— Алҳамдулиллоҳ, узви нави оилаи мо омад. Ман бисёр ифтихор мекунам бо ҳамсарам ва бисёр хурсанд ҳастам.
Пол Погба дар “Инстаграм” зиёда аз 58 миллион обуначӣ дорад ва “пост”-и мазкурашро дар муддати чор рӯз наздики чор миллион нафар писандиданду даҳҳо ҳазор нафар шарҳ навиштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ