Таъбири хоби “моҳигир”: Моҳии тиллоӣ худ ба кумак ниёз дорад

Хеле вақт шуд Фазлиддин Асозода хоб надида буданд. Ин албатта, ба тавсияҳои пешниҳодкардаи ман марбут буд, ки бо иҷрои онҳо Фазлиддин чанд муддат аз хобҳои пурмуаммову пургиреҳ халос шуданд.

Манманӣ намекунам, вале бояд бигўям, ки ҳатто экстрасенсҳои бузурги дунё, аз қабили Ванга (Россия), Муҳсин Наврўзӣ (Эрон), Мэрилен Керро (Эстония), Эдгар Кейси (ИМА), Джин Диксон (ИМА), Джон Эдвард (Бритониёи Кабир) ва дигару дигарҳо, ки гоҳ-гоҳ аз ман маслиҳат мепурсанд, тасдиқ карданд, ки қариб 99 дар сади таъбирҳо ва тавсияҳои ман амалӣ мешаванду фақат як фоизашон инсонро ба шубҳа мебарад. Умедворам, ки ҳамин як фоиз ба хоби навбатии Фазлиддин дахл надошта бошад, зеро худи хоб ба назар шубҳанок менамояд.

Аз эшон узр мепурсам, лекин ин хоб на танҳо ба хоби моҳигири ҳақиқӣ, балки ба хоби одами дуруст ҳам шабоҳат надорад. Дар хоб ба шасташон моҳии тиллоӣ меафтад, ки “гоҳ-гоҳе даҳонашро нимво кардаву чизе гуфтанӣ мешавад, аммо истиҳола мекунад”. О, мебахшеду вақте моҳии тиллоӣ хоҳ дар хобу хоҳ дар бедорӣ ба дом меафтад, набояд аз гуфтан истиҳола кунад. Зеро ў барои халосиаш фавран бояд чизе бигўяд.

Бо дидани моҳии тиллоӣ афсонаи “Моҳии тиллоӣ” ба хотири Фазлиддин мерасад ва саросема нидо дармедиҳад:

— Моҳии тиллоӣ, моҳичаи тиллоӣ, се шарт дорам, агар иҷро кунӣ, раҳоят мекунам!

Моҳии тиллоӣ ба сухан меояд ва на танҳо аз иҷрои хоҳиш даст мекашад, балки Фазлиддинро мустақим нахўдчинӣ мефиристад ва рўйирост мегўяд:

— Ягон шарт-парт намон! Ягон шартатро иҷро карда наметавонам!

Ин воқеан хоби бас аҷоибу ғароиб аст. Зеро дар тўли таърихи мавҷудияти инсон ин бори нахуст аст, ки моҳии тиллоӣ аз иҷрои хоҳиши моҳигир саркашӣ мекунад. Тавассути қиссаву афсонаҳо ҳама медонем, ки моҳии тиллоӣ борҳо хоҳиши моҳигирҳои камбағалро иҷро карда, онҳоро бою бадавлат кардааст. Чандин ошиқу маъшуқаҳоро ба мақсад расонидааст. Ба моҳигирҳои пир маликаҳои зебову қасру кӯшкҳо тақдим намуда, ҳатто гадоро ба шоҳӣ расонидааст, фақат ба хотири он ки ўро раҳо кунанд. Инҷо баръакс. Моҳӣ на нияти иҷрои хоҳишро дораду на нияти озодшавӣ аз чанголи моҳигире чун Фазлиддин. Ин магар худкушӣ нест? Инҷо бояд ё моҳие бошад, ки аз зиндагӣ сер шудааст ва ё моҳие, ки аз иҷрои шартҳои моҳигирҳое чун Фазлиддин хаста шуда бошад.

Барои он ки хоби пур аз муаммои Фазлиддинро дуруст таъбир кунам, нахуст ба ҷинҳоям рў овардам. Ҷинҳоям вақте фаҳмиданд, ки ин хобро Фазлиддин дидааст, чун моҳии тиллоӣ, бе ягон истиҳола маро ба Чортут нахӯдчинӣ фиристоданд. Ман ноилоҷ ба якчанд таъбирномаҳои дигар рў овардам. Китоби фолномаи худро кушодам, ҳатто ба таъбирнома ва ҷинҳои Ибни Сирин рў оварда, чанд таъбир ёфтам:

1. Дидани моҳӣ дар хоб нахуст ризқу баракат аст. Бо дидани моҳӣ дар хоб, хоббин метавонад ба баъзе орзуҳои моддии худ, ки то имрўз расида наметавонист, бирасад. Агар бекор бошад, соҳиби кор мешавад. Агар кор дошта бошад, маоши ў якчанд маротиба зиёд мешавад ва дастмуздаш дучанд меафзояд. Фикр мекунам, маҳз ҳамин қисматаш ба Фазлиддин дахл дорад, ки ўро баландшавии маош дар пеш аст. Вале ин таъбир ҳам чун хоҳишҳои Фазлиддин метавонад рад шавад. Охир, моҳии тиллоӣ иҷрои хоҳишро рад кард ку.

2. Дидани моҳии тилло дар хоб ба шодӣ, кушоиши ризқу рўзӣ ва аз байн рафтани андуҳу нороҳатӣ марбут аст. Так что, муҳтарам Фазлиддин, агар андуҳу нороҳитие доштед, он паси сар шуд ва аз нав метавонед хушҳолӣ кунед.

3. Агар моҳигир моҳиро дар ҳолати шино бинад ва дарё равону атрофаш кушод бошад, роҳҳои чор самти дунё барои хоббинанда боз мешавад ва ўро сафарҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ дар пеш аст. Бо такя ба ин гуфта метавонам, ки шуморо, Фазлиддини гиромӣ, як сафари хориҷӣ интизор аст. Агар моҳии тиллоӣ хоҳиши шуморо иҷро мекард, хеле орзуҳоятон дар хориҷа амалӣ мешуданд. Вале чун моҳӣ хоҳишҳоятонро иҷро накард, фикр мекунам, дар ин сафар орзуҳои шумо амалӣ намешаванд.

4. Ибни Сирин мегӯяд, сайди моҳӣ дар хоб ба он вобаста аст, ки хоббин воқеан мехоҳад як тарҳеро анҷом диҳад. Моҳӣ сайд кардан дар хоб далели амалӣ шудани тарҳҳои ўст. Дар татбиқи лоиҳа ҳама монеаҳо аз байн мераванд ва орзуҳо ба воқеият табдил меёбанд. Умедворам ин қисмати таъбир ба хоби шумо низ дахл дошта бошад. Боз ин ба хайру саховат вобаста аст…

5. Агар моҳигир моҳиро ба хона орад ва онро бирён карда, чанд қисмат карда хўрад, баробар ба ҳамон қисматҳо соҳиби якчанд зан мешавад. Инаш ба шумо дахл надорад ва чунин умед ҳам мабандед, оғои Фазлиддин, зеро шумо на моҳӣ хўрдеду на ба хона овардед.

6. “Иди ты…” гуфтани моҳии тиллоӣ маънои онро дорад, ки дар пеш мавсими ҷамъоварии нахўд аст. Моҳӣ тавсия медиҳад, ки шумо ба нахӯдчинӣ равед.

Умуман, таъбирҳо зиёданд, лекин аз он ки моҳии тиллоӣ аз шумо рўй гардониду иҷрои ягон шартатонро ба дўш нагирифт, ҳатто мо экстрасенсҳо дар ҳайрат мондем. Охир, маҳз моҳигирҳои мо қиссаи “Моҳии тиллоӣ”-ро офарида буданду ҳамеша орзу мекарданд, ки рўзе маҳз ў онҳоро ба орзуҳояшон мерасонад. Инҷо бояд табибе бошад, ки худ ба дармон ниёз дорад.

Рафтори шуморо дар мавсими тухмгузории моҳиён ғайриқонунӣ эълони кардани моҳии тиллоӣ маънои онро дорад, ки шумо кам-кам ба корҳое даст зада истодаед, ки каме аз доираи қонун берунанд. Зуд ба доира баргардед ва аз хат берун нашавед.

Ин хоб инчунин ба касбияти шумо (ё мо) низ метавонад дахл дошта бошад. Замоне шумо (мо) чун рўзноманигор мушкилоти эҳтиёҷмандони зиёдеро ҳал мекардед (м), вале ҳоло худ ба чорагаре монандед (м), ки дар ҳалли мушкилоти худ бечораед (м).

Шафтолуи гап ва хулосаи таъбир ин аст, ки моҳии тиллоӣ (чорагар) худ ба кумак ниёз дорад. Ба умеди ў нашуда, худатон аз пайи иҷрои хоҳишҳоятон шавед. Худатон кўшиш кунед, то орзуҳои худро бароварда созед. Иҷро накардани хоҳишҳои шумо аз тарафи моҳии тиллоӣ маънои онро дорад, ки ҳама ба рўзгори худ дармондааст ва касе ба касе кумак карда наметавонад.

Яъне, аз худ мондӣ, мурдӣ!

Бо эҳтиром,

экстрасенси дорандаи ордени тиллоии бепробаи дараҷаи 6 Холиқназар ҶУМЪАЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *