Баҳс бо “Моҳии тиллоӣ”. Аз манъи шикор то ҳушдор ба қонуншиканҳо

Якшанбе, рӯзи истироҳатӣ. Димоғам чоқ аст. Тӯри афғониро сари китф партофтаву бо тасмими сайди моҳӣ ҷониби дарё мешитобам.

Чун ба соҳил мерасам, ҷойи боб интихоб кардаву тӯрро ба об мепартоям. Офтоб рахшанда аст. Нурҳояш чашмро хира кардаву кайфият меоранд. Донаҳои офтобпарастро чарс-чарс хоидаву пучоқро бо ҳаловати тамом болои об пуф мекунам.

Даҳ дақиқа мешинам, 15, 20, ним соат мегузарад, аммо аз сайд хабаре нест. Қад-қади соҳил дида медавонам. Дар ҳар бехи беду зарбед, миёни қамишҳо сайёдон яке синча кардаву яке диккак нишастааст. Аз хаёл мегузаронам, ки “шояд сари як сайд як сайёд бошад, пас, ба тӯрам афтодани моҳие дар гумон аст”…

Ҳамин вақт тӯр ба ларза меояд. Онро аз об берун мекашам. Ваҳҳҳ! Чӣ мебинам? Ба чашмонам бовар намекунам. Дар тӯр моҳии тиллоӣ афтодааст. Талвоса мекунад, як қад-як қад баробари бораи тӯр мепарад. Гоҳ-гоҳе даҳонашро нимво кардаву чизе гуфтанист, аммо истиҳола мекунад. Афсонаи “Моҳии тиллоӣ” ба хотирам мерасад ва саросема нидо дармедиҳам:

— Моҳии тиллоӣ, моҳичаи тиллоӣ, се шарт дорам, агар иҷро кунӣ, раҳоят мекунам!

Моҳии тиллоӣ ба сухан меояд ва ғайри интизори ман бо хашм мегӯяд:

— Иди ты … Ягон шарт-парт намон! Ягон шартатро иҷро карда наметавонам!

Ман, ки бо умеди гирифтории моҳии тиллоӣ аз ӯ чанд хоҳиш карданӣ будам, ҳайрон мешавам. Пушти сарамро мехораму суол медиҳам:

— Барои чӣ?

— Барои он ки қонунро вайрон карда истодаӣ ва агар ман ягон хоҳишатро иҷро кунам, маро ҳам бо гумони ҳамдастӣ бо ту гунаҳгор мекунанд. Магар намедонӣ, ки моҳигирӣ дар Тоҷикистон барои як муддат манъ шудагӣ!?

— Чӣ хел?

— Ана ҳамин хел, оддияк. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз қатъиян манъ шудани шикори моҳӣ давоми рӯзҳои наздик хабар ва ба қонуншиканҳо ҳушдор дод. Ин маҳдудият ба марҳилаи тухмгузории моҳиҳо марбут аст. Зеро, мегӯянд, ки моҳигирӣ дар ин давра метавонад ба ҳифзу такрористеҳсоли моҳӣ таъсири манфӣ расонад. Ҳушдор дода шудааст, ки тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои нақзи ин меъёр ба шахсони воқеиву мансабдорон ва шахсони ҳуқуқӣ аз 3 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Шояд худат медонӣ, ки ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 68 сомониро ташкил медиҳад,- далел меорад моҳии тиллоӣ.

— Магар ин таъсир дорад?,- мепурсам нобоварона.

— Эҳаааа, таъсир надоштааст! Аллакай давоми 15 рӯзи аввали давраи манъи сайди моҳӣ санадҳои азназаргузаронӣ, 5 адад амрнома ва 1 адад протокол оид ба хариду фурӯши моҳӣ тартиб дода шудааст. Инчунин, дар шаҳри Ҳисор 4 сокин, ки бе иҷозат ба харидуфурӯш ва гирифтани захираҳои табиӣ, амсоли ширмоҳӣ машғул будаанд, дастгир карда шудаанд,- огоҳ мекунад ӯ.

Вале ман, ки манфиатдорам, ҳоло ҳам сар намефарорам ва бо саволи навбатӣ ба тори нозуки асаби моҳичаи тиллоӣ мерасам:

— Ин маҳдудият то кай бошад?

— Ба гуфтаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, то 15-уми июн.

— Ана, ёбу гир! Боз, ман ба рафиқонам дар зиёфати зодрӯзам — 1-уми июн моҳӣ ваъда карда будам. Ҳоло ки ин тавр аст, пас, туро раҳо мекунаму дар ивазаш ақаллан ягон селаи хурди моҳиёнро ҷониби тӯрам мерамонӣ…,- дигарбора пешниҳод мекунам ман.

— Не, намешавад, беҳуда худатро азоб надеҳ!,- аз раъйи худ намегардад моҳичаи тиллоӣ.

Ин навбат ман ба ғазаб меоям. Бо ишораи ангушт сайёдони соҳили дарёро нишон додаву пичинг мезанам:

— Барои ман мумкин неву барои онҳо ҷоиз ҳа!? Ё зӯри касе ба онҳо намерасад? Ё онҳо пуштибон доранду сайдашонро пинҳон мекунанд?

— Чиҳо мегӯӣ!? Аз ҳар зӯр зӯртараш ҳаст боз! Дар бораи нафароне, ки бо ангушт ишора кардӣ, аллакай маълумот ҳаст. Маълум аст, ки кадомашро кадом нозир бо манфиати пулии 50-фоизӣ пуштибонӣ мекунад ва кадомаш пинҳонӣ-пинҳонӣ аз хонааш моҳӣ мефурӯшад. Аммо, тавре ишора кардам, дунё бедарвоза нест, ҳамон нозирон ҳам назорат мешаванд,- ба таҳдид гузашт моҳичаи тиллоӣ ва бо гӯшаи чашм ҷониби роҳи мошингард ишора кардаву гуфт: “Ана, бубин, нозирони ҳифзи муҳити зист омаданд…”.

Ҷониби роҳи калон нигоҳ мекунаму садои шалаппоси об баланд мешавад. Гашта ба тӯрам нигарам, он секин-секин алвонҷ мехӯрад ва моҳичаи тиллоиро мебинам, ки ба қафояш нигоҳ накардаву бошитоб шино дорад. Дарк мекунам, ки моҳичаи тиллоӣ бо чунин усули рафтор маро фиреб додаву ғофилгир карда, ба об ҷаҳидааст.

Маҳзун мегардам. Тӯрро сари китф партофтаву лаб-лаби соҳил ба самти хона қадам мемонам. Аз паҳлуи сайёде гузашта истода, зам-замаи шеъри кадом шоире аз забонаш ба гӯшам мерасад:

Хоб дидам,

Дар лаби Кофарниҳон,

Сайди моҳӣ дораму тўрам калон.

Роҳ гирифтам

Лаб-лаби палҳои шолӣ,

Тўр мондам бо умед.

Дар ду навбат тўр холӣ,

Навбати дигар азизон,

Сайди худро ман баровардам зи об,

Мисли море моҳие беҳад хароб.

Лол мондам,

Моҳӣ омад бар забон:

— Ку, бигў, эй соҳиби ҷоҳу ҷалол,

Аз чӣ чанд сол аст қавми моҳиён

Луқмае дигар намёбад ҳалол?

Боз ҳам хокистару поруи худ,

Ҳар саҳар резанд дар оби равон,

Шарм мебояд шуморо, эй ҷавон.

Ширмоҳӣ буд қавми мо агар,

Мормоҳӣ гаштаем, охир, нигар!

Тўри худро гиру аз пешам бирав,

В-арна мегирам зи чашмонат алав!

Сўи хона роҳ гирифтам бошитоб,

Бар сарам фарёд зад ногаҳ занак:

Сайди моҳӣ кай равӣ, эй мурдахоб?

… Аз ҷой нимхез мешаваму сарам ҳанӯз ҳам вазнин аст. Афсӯс мехӯрам, ки моҳичаи тиллоӣ аз даст рафт. Аммо, чун ба худ меоям, мефаҳмам, ки ҳама чиз дар хоб будааст. Ҳамин вақт боз экстрасенс Холиқназар Ҷумъазода ба хотирам мерасад. Ба худ суол медиҳам, ки ӯ хоби бандаро чӣ гуна таъбир мекарда бошад?

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *