Леонел Месси

Эҳтимол Месси ба “Ал-Ҳилол” равад

Чанде пеш бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ, ки рақиби асосии дастаи “Ал-Наср” ба ҳисоб мераваду он ҷо Криштиану Роналду бозӣ мекунад, ба Лео Месси пешниҳод карда буд, ки омода аст дар як мавсим 400 миллион евро пардохт кунад, вале футболбози аргентинӣ рад карда буд.

Ҳафтаи гузашта бошад, хабаре пайдо шуд, ки бошгоҳи “Ал-Ҳилол” ба Месси барои як мавсим 500 миллион евро пешниҳод кардааст. Ҳоло ҷавоби Месси маълум нест, вале ин маош дар таърихи футбол беназир аст.

Арабҳо ҳоло мехоҳанд мисли солҳои пеш Роналду ва Месси зидди ҳамдигар бозӣ кунанд ва миллионҳо нафар онҳоро тамошо намоянд.

Дар ин росто, гуфтан бамаврид аст, ки ҳолати будубоши Лео дар дастаи “ПСЖ” хуб нест ва ният дорад, ки ҳамин мавсим бошгоҳро тарк кунад. Албатта, овозаҳо ҳастанд, ки ба “Барселона” бармегардад, вале ҳолати молии ин даста чӣ гуна аст, номаълум.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *