Тоҷикистон дар Теҳрон. Чаро гулдӯзӣ роҳ ёфту “Девон”-и Рӯдакӣ не?

Медонам, ки касе аз камбудӣ намегӯяд. Медонам, ки аллакай ба боло ҳисобот дода шуд: “Мо Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ба таври шоиста муаррифӣ кардем!”… Бинобар ин, маҷбурам, ки ҳар чӣ дидам, ҳамонро бигӯям…

34-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” аз 11 то 21-уми майи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ки Тоҷикистон меҳмони вежаи ин намоишгоҳ буд. Мо дар шумораи гузашта дар бораи ин намоишгоҳ аз Теҳрон гузориши муфассал нашр карда будем.

Банда дар ин нигошта чанд камбудиро мегӯям, ки дар рӯзҳои намоиш мушоҳида кардам.

Табиист, ки масъулини кишвар меҳмони вежа будани Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” қаблан медонистанд (шояд 3-4 моҳ пеш), вале аҷиб аст, ки барои он омодагӣ нагирифтаанд. Ҳамин аст, ки ба намоишгоҳ фақат китобҳое бурда шуданд, ки ба хати кириллӣ ҳастанд ва онҳоро дар Эрон касе хонда наметавонад. Ду-се китоби дуҳуруфаро ҳам бурда буданд (барои мисол ҷилди аввали “Забони миллат — ҳастии миллат”-и Президенти Тоҷикистон, “Куллиёт”-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, “Достони Роғун”-и Давлат Сафар, “Ҷуғрофиёи Давлати Сомониён”-и Н. Сафарзода ва ғ.), ки фақат барои намоиш буданд, на барои фурӯш.

Ҳол он ки, бояд аз қабл Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмиву эҷодӣ масъул мешуданд, ки барои ин намоишгоҳ бо ҳуруфи форсӣ китобҳо нашр кунанд. Зеро ин намоишгоҳ ва мартабае, ки Тоҷикистон дар он дошт, имкони хубе барои муаррифии кишвар буд. Вале ин кор ба фикри касе наомад, ба ҷойи он ба намоишгоҳ ҷузвдонҳои гулдӯзӣ ва ҳайкалчаҳои гилӣ бурда фурӯхтанд. Бале, ҳайрон нашавед, Тоҷикистон дар намоишгоҳи китоб ягона ғурфае буд, ки китоб не, балки армуғон (ҷузвдони гулдӯзӣ ва ҳайкалчаҳои гилӣ) мефурӯхт. Мисли он ки ба ЭКСПО ҳам мо ягона кишваре будем, ки ғӯлингу чакан бурда будем.

— Ин ҳунармандон бо чӣ мақсад ин ҷо омадаанд?,- пурсидам аз масъуле.

— Иштибоҳан,- посух дод ӯ ва ҳайрати маро дида, шарҳ дод: “Аз Эрон гуфтаанд, ки барои ороиши ғурфа ягон асари ҳунарӣ биёред. Мақсади онҳо манзара ва ё нигораи рассомӣ буд. Чун дар Тоҷикистон ҳунар гуфта, мо гулдӯзиву кулолгариву заргарӣ барин ҳунарҳои мардумиро мефаҳмем, аз Тоҷикистон инҳоро оварданд. Дар Эрон ҳунар гуфта санъатро дар назар доранд…”.

Эрониҳо вақте тоҷиконро мебинанд, оғӯш кушода, мегӯянд: “Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме…”, ки ин ишораи онҳо ба ҳамватани Рӯдакӣ будани мост. Бисёре аз эрониҳо ҳам вақте ба ғурфаи Тоҷикистон меомаданд, китоби ашъори Рӯдакиро суроғ мекарданд. Вале дар ғурфаи Тоҷикистон “Девон”-и Рӯдакӣ набуд…

Ҳол он ки, як ду сол қабл дар Хуҷанд “Девон”-и Рудакӣ (таҳия ва таҳқиқи Абдуқодири Рустам) ҳам бо ҳуруфи кирилии тоҷикӣ ва ҳам бо ҳуруфи форсӣ бо сифати баланд ва муқоваи чармӣ ба зевари табъ ороста шуд. Агар ин китоб ба Эрон мерафт, ҳамаро қоил мекард…

Бисёре аз фарҳангиёни тоҷик гила мекунанд, ки аҳли адабу фарҳанги Эрон ба мо тоҷикон бо назари камгирона муносибат мекунанд… Ин ҷо суоле сар мезанад, ки мо чӣ кор кардем, ки ба мо назари баланд дошта бошанд?! Онҳо хати кирилӣ намедонанд, бинобар ин, моро зарур аст, ки барои муаррифии дастовардҳои илмиву адабӣ, ҳарчи бештар китобҳоямонро ба хати форсӣ баргардон кунем. Тоҷикистон яке аз марказҳои бузурги таҳқиқи адабиёту фарҳанги форсиву тоҷикӣ аст. Барои мисол дар чанд соли охир дар кишвари мо таҳқиқоти бисёр муҳим анҷом шудаву китобҳои бунёдӣ таълифу нашр шуданд, ки дар Эрон истиқболи гарм меёбанд…

Имкон дошт, ки ақаллан китобҳои аллакай нашршуда бо хати форсӣ ба Эрон бурда мешуд. Китобҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Сайфи Исфарангӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва ғ., ки дар Тоҷикистон бо ҳуруфи форсӣ нашр шудаанд, бовар дорам, дар намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” истиқболи гарм меёфтанд.

Мушкили дигар дар муносиботи фарҳангии Эрону Тоҷикистон дар он аст, ки адабиёти муосири тоҷик дар он кишвар кам тарғиб шудааст. Имкон дошт, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон махсус барои ин намоишгоҳ як баёзи назму насри адабиёти муосирро бо хати форсӣ нашр мекард. Ин василаи хубе мешуд барои муаррифии адабиёти мо… Вале ин корҳо нашуд.

Бо вуҷуди ин, эрониён бо муҳаббат ба ғурфаи Тоҷикистон меомаданду дар бораи кишвари мо мепурсиданд. (Афсӯс, як албом ё маълумотнома набуд, ки барояшон бештар кишварро муаррифӣ кунем). Умед дорем, ки Тоҷикистон ҳамасола меҳмони олиқадри намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” хоҳад буд ва масъулини кишвари мо барои тарғиби воқеӣ (на рӯякиву барои ҳисобот) талош мекунанд…

Одил НОЗИР,

Душанбе — Теҳрон — Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *