Душанбеву Теҳрон парвози чорумро ба нақша гирифтанд

Дар назар аст, ки миёни Тоҷикистон ва Эрон парвози чорум барқарор шавад. Аввалин парвоз дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон 8-уми июн сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки чорумин парвози мустақим байни Эрону Тоҷикистон аз тарафи ширкати ҳавопаймоии “Вориш” роҳандозӣ хоҳад шуд.

“Бо пайгириҳои анҷомшуда ва мувофиқати Созмони ҳавопаймоии кишварии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорумин парвози мустақим ба мақсади рифоҳи ҳоли шаҳрвандони азизи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва осонии сафари сайёҳон анҷом мешавад”,- гуфтааст ӯ.

Ба иттилои номбурда, парвози мустақими чорум ҳар ҳафта дар рӯзи панҷшанбе соати 7:00-и субҳ аз Фурудгоҳи байналмилалии эмом Хумайнии Теҳрон ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе анҷом ва баргашти он ба Теҳрон дар соати 12:30-и ҳамон рӯз хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки аз соли 2019 се парвози мустақим тавассути ширкати ҳавопаймоии “Вориш”ва “Сомон эйр” дар рӯзҳои якшанбе ва ҷумъа дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон ва дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад низ дар рӯзҳои панҷшанбе барқарор шудааст, ки тибқи барномаи ҷадид ин парвоз дар рӯзҳои сешанбеи ҳар ҳафта анҷом хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *