Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Байдеро забонаш хорид…ва ӯ аз нотавонӣ алами Исоро аз Мӯсо мегирад

Тоҷикистон ба суханони Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, норозигӣ кард.

Байден 11-уми сентябр бо ишора ба чархи ҳавопаймо овезон шудани чанд сокини Афғонистон барои баромадан аз он кишвар гуфт, “агар дар Тоҷикистон ҳам ҳавопаймо меомаду эълон мекард, ки касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад, одамон ба чархи ҳавопаймо мечаспиданд.”

Номи Тоҷикистон дар ин гуфтаҳои Байден дар посух ба суол роҷеъ ба шеваи хуруҷ аз Афғонистон ҳамчун мисол садо дод.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 14-уми сентябр ба сафири Амрико дар Душанбе нота ё ёддошти эътирозӣ супурданд. Дар хабари вазорат омадааст, гуфтаҳои Ҷо Байден “ба рӯҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад.”

“Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар рӯҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст”, — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Сафорати Амрико дар Душанбе то ҳол дар робита ба ин хабар вокуниш накардааст.

Раиси ҷумҳурии Амрико дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи бист сол пеш, рӯзи 11-уми сентябри имсол, дар шаҳри Шансквили иёлати Пенсилвания аз тасмимаш ҷиҳати берун кашидани нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон дифоъ кард ва онро кори дуруст хонд.

Ӯ гуфт, бинобар натиҷаи назарсанҷиҳо, 70 дарсади амрикоиҳо ҷонибдори берун шудани нерӯҳо аз Афғонистон буданд, аммо “ба бисёриҳо шеваи хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон писанд наомад”.

“Бисёр душвор аст, ки ба дигарон фаҳмонӣ, ки чӣ гуна метавон берун шуд. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои “С-130”-ро оварда мегуфтем: “ҳар касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад”, боз ҳам одамон дар чарх (манзур ҳавопаймо) овезон мебуданд”, — шарҳ дод Байден.

Ин гуфтаҳои президенти Иёлоти Муттаҳида вокунишҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ба миён овард. Иддае гуфтанд, ташбеҳи Тоҷикистон ба вазъияти фирори мардум аз Афғонистон дуруст набуд.

На, Байден пас аз он ҳама изҳороту истодагариву якроҳаву  ҷонибдорӣ аз мардуми Панҷшер намудани Президенти Тоҷикистон хашмгин гашта, аз он ки Сарвари тоҷикони ҷаҳон бо ин рафтораш бар зидди ақоиди пурғарази Байден баромад, дониста чунин як ҳушдореро ҷониби Тоҷикистон равона кард. Вале, ӯ дарк накард, ки Тоҷикистон дар ин пайроҳа танҳо нест ва шакрикони боэътимоде дорад, ки ингуна ҳарзагӯёнро метавонад аз рӯи адолати иҷтимоӣ ба майдони набарди андешаву тафаккур даъват кунад ва ҳушдор диҳад, ки дигар он дасти дарозатон кӯтоҳ гаштааст. Ва исботаш пас аз 20 сол  шармандвор бо сари хаму талафоти калони ҷониву моли бурун рафтанаш аз хоки Афғонистон аст!

Дар рӯзҳои аввали ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон, сокинони зиёде талош карданд, аз ин кишвар фирор кунанд ва чанд нафар ҳам худро ба чархҳои ҳавопаймо кашола карданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.