Сироҷиддин Аслов ба Ӯзбакистон рафт

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон субҳи имрӯз барои ширкат дар 43-юмин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ба Узбакистон рафт. Нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишвари узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, рӯзҳои 18-19 окятбр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Қарор аст Сироҷиддин Аслов дар ин ҳамоиш суханронӣ намуда ва дар ҳошияи ин нишаст бо бархе аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои исломӣ мулоқот анҷом диҳад. Густариши ҳамкориҳои кишварҳои узв, амнияти минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯоти байналмилалӣ, аз масоили матруҳа дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Тошканд хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *