Украина се қисмат шуд. Путин бо «истиқлол»-и Донетск ва Луганск чӣ мехоҳад?

Владимир Путин, президенти Русия дар як паёми телевизионӣ, ки мустақиман нашр мешуд, истиқлоли ду минтақаи ҷудоиталаби Украина — Луганск ва Донетскро эътироф кард ва ба Вазорати дифои кишвараш дастур дод, ки дар ин ду минтақа бо ворид кардани неруҳои мусаллаҳи Русия “сулҳро таъмин кунад”.

Луганск ва Донетск ду минтақаи таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскав мебошанд. Ин амалкарди Путин норизоятии шадиди Киев ва дареғогӯйиҳои сарони НАТО ва кишварҳои дигари Ғарбро ба бор овард.

Ин иқдом метавонад хатари низоъро ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳад, зеро Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбарони ғарбӣ зидди амалҳое ҳушдор додаанд, ки истиқлолияти Украинаро халалдор мекунанд.

Киев ва раҳбарони Ғарб ҳафтаҳост ҳушдор медиҳанд, ки ҷойгир кардани 150 000 сарбози Русия дар наздикии марзи Украина метавонад ҳамлаи Русияро ба Украина ногузир гардонад.

Президенти Русия дар паёмаш бе зикри далелҳо иддаои густурдаеро баён кард, ки Украина дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст, забони русӣ дар Украина канор мондааст ва нақшаҳои муайяне барои аз байн бурдани калисои православии русро дар қаламрави худ дорад.

Вай гуфт, Украина як «режими лӯхтакие» аст, ки аз ҷониби қудратҳои хориҷии омехта бо сулолаҳои олигархӣ идора мешавад. Ҳамчунин афзуд, НАТО тақозоҳои амниятии Маскав, аз ҷумла қонунгузории зидди ба НАТО пайвастани Украина ва баровардани силоҳу таҷҳизоти ин паймони низомиро аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ «комилан нодида гирифт».

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ Ҷозеп Боррел гуфт, агар Путин ба ҷудоихоҳон истиқлол пешниҳод кунад, Иттиҳод ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад намуд.

Дар ҳоле, ки Путин суханронӣ мекард, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон такроран гуфт, ки Русияро «бастаи таҳримҳои азим» дар пеш буда метавонад. Вай ин иқдоми Путинро «нақзи ошкорои истиқлол ва якпорчагии Украина» номид. Эдгарс Ринкевич, вазири корҳои хориҷии Латвия гуфт, Иттиҳоди Аврупо бояд фавран таҳрим ҷорӣ кунад.

Созмони Милали Муттаҳид, ки Қрим ва минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳонро бахше аз хоки Украина медонад, пеш аз паёми Путин барои ҷилавгирӣ аз шиддати авзоъ ба «худдории ҳадди аксар» даъват кард.

Стефан Дуйарич, сухангӯйи Созмони Милал гуфт: «Аз ҳама мехоҳем, ки аз ҳар гуна тасмими яктарафа ё амалҳои якҷониба, ки метавонад тамомияти арзии Украинаро халалдор кунад, худдорӣ варзанд. Ҳама масъалаҳо бояд ба воситаи дипломатия ҳал карда шаванд».

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина 21-уми феврал, пас аз он ки Путин гуфт, «имрӯз» дар бораи истиқлоли ДНР ва ЛНР тасмим мегирад, ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украинаро даъват кард. Қабл аз он бо садри аъзами Олмон ва президенти Фаронса гуфтугӯ дошт. Бино ба гузоришҳо, Эммануэл Макрон ҷаласаи Шӯрои дифоъ ва амнияти миллии Фаронсаро даъват кардааст.

Путин рӯзи 21-уми феврал гуфт, ки тарҳи сулҳ барои хатми низоъ дар шарқи Украина «дурнамое» надорад. Киев аз соли 2014, замоне ки Русия нимҷазираи Қрими Украинаро ғасб кард, бо ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав дар шарқи ин кишвар дар ҳоли ҷанг аст. То кунун дар даргириҳо дастикам 13 ҳазору 200 кас кушта шудаанд.

Сафири Амрико: Путин даъвои хоки Тоҷикистонро низ дорад!

Намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфт, Русия бо эътирофи ба номи “ҷумҳуриҳои Донетск ва Луханск” бе ягон далел ба истиқлол ва якпорчагии Украина таҷовуз кард.

Томас-Гринфилд муътақид аст, ки президенти кунунии Русия Владимир Путин даъвои дигарбора зери чатри Маскав ҷамъ овардани тамоми сарзаминҳои собиқ империяи Русияро дар сар дорад.

“Президент Путин иддао дорад, ки Русия имрӯз ба тамоми қаламрави империяи Русия ҳаққи комил дорад. Он империяе, ки то Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳанӯз 100 сол пеш вуҷуд дошт“,- изҳор дошт дипломати амрикоӣ.

“Ин тамоми қаламрави Украинаро дар бар мегирад, Финляндияро, Белорусро дар бар мегирад, Гурҷистонро, Молдоваро, Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад. Литва, Латвия ва Эстонияро ҳам. Ин ҳамчунин як қисми Полша ва Туркияро ҳам дар бар мегирад“,- нақли қавл кардааст аз Линда Томас-Гринфилд хабаргузории расмии Русия ТАСС.

“Амалан,- афзуд хонум Томас-Гринфилд,- Путин мехоҳад, ки ҷаҳон ба ақиб, ба давроне баргардад, ки Созмони Милал ҳанӯз вуҷуд надошт ва ҷаҳонро империяҳо идора мекарданд. Вале ҳоло соли 2022 аст, соли 1919 нест ва ҷаҳон хеле пештар рафтааст. Созмони Милал дар заминаи раҳоии кишварҳо аз мустамликадорӣ бино шуда буд, на барои дубора ба мустамлика табдил додани онҳо”.

Сафири Амрико иқдомҳои Маскавро фалокатбор номида, гуфт, ки паёмадҳои он дар паҳнои хеле фаротар аз танҳо як Украина эҳсос хоҳанд шуд. Ӯ гуфт, Русия бо рафтори худ меъёрҳои аслии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милалро ба чолиш кашидааст. Ӯ хабар дод, ки Амрико аллакай рӯзи 22-юми феврал бар зидди Русия сангинтарин таҳримот ҷорӣ хоҳад кард.

Байден ҷанги сеюми ҷаҳонро оғоз мекунад?

Гузоришҳои сершумори расонаҳои Амрико ва Ғарб дар бораи «таҷовуз»-и Русия ба Украина вазъияти пеш аз Ҷанги Якуми Ҷаҳониро ба ёд меорад. Дар ин бора «The National Interest» менависад.

Раиси собиқи Хадамоти ҷосусии ИМА Ҷорҷ Бибе қайд кард, ки империяҳои Олмон ва Бритониё аз як усул истифода мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, Ҷо Байден, раҳбари Амрико иддао дорад, ки Русия дар рӯзҳои наздик ба Украина «ҳамла» хоҳад кард, аммо далели мушаххасе пешниҳод намекунад.

Бибе таъкид кард, ки Маскав истиқрори нируҳои худро дар наздикии марзҳояш як муқовимати эҳтимолӣ бо НАТО медонад: Паймони Атлантикаи Шимолӣ кӯшиш мекунад, ки дар остонаи Русия қарор гирад. Штатҳои Муттаҳида ин гуна кирдорро таҳдид мешуморад.

Таҳлилгар изҳороти раҳбари собиқи Амрико Теодор Рузвелтро дар бораи Кайзер Вилҳелми II мисол оварда, таъкид кард, ки суханони сиёсатмадор вазъиятро рӯшан нишон медиҳанд.

Русия борҳо изҳор доштааст, ки иттиҳоми Ғарб дар «таҷовуз» ба Украина баҳонаи истиқрори таҷҳизоти низомии НАТО дар наздикии марзҳои Федератсияи Русия аст.

Маскав барои вазъи низоъ дар атрофи кишвари ҳамсоя ягон баҳона эҷод намекунад. Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, чунин «истерия» ба хотири пӯшонидани камбуди Киев дар ҷиҳати тахриби созишҳои Минск дар мавриди Донбасс аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *