Аз қаҳри раиси Ховалинг то бетаҳлилии иқтисодиёт

Қаҳри раиси Ховалинг

Зимни нишасти матбуотӣ дар Ховалинг рӯзноманигорон аз суоли нахустин таъби раиси ноҳия Муҳтадӣ Хайрулло Маҷидиро нохуш карданд.

Рӯзноманигоре пурсиш ба амал овард, ки чаро ба маводҳои танқидии рӯзномаҳо давоми 6 моҳ боз вокуниш накардаед? Чӣ сабаб шуд, ки фармони Президенти кишвар таҳти№622-ро нодида мегиред?

Рӯзноманигори дигар хост, ки ба саволаш оид ба сарфи маблағҳои буҷетӣ барои таъмиру азнавсозии бинои хизматии раис ҷавобе гирад. Ин дар ҳолест, ки дар таълимгоҳҳои ноҳия 6500 ҷои нишаст барои хонандагон намерасад, маблағи хароҷоти таъмири хонаи раис беш аз 350 ҳазор сомонӣ будааст. Раис сахт оташин шуда, гуфт: «Чӣ, раис ҳуқуқ надорад шароити буду бошашро беҳ намояд»? Аммо суоли матраҳ ин аст, ки барои толибилмон, ки дар як курсӣ 3-4-нафарӣ мешинанд, кӣ шароити мусоид бояд муҳайё созад?

Вақте иқтисодиёт таҳлил надорад

Дар ноҳияи Ш. Шоҳин аз 13 ҳазору 262 гектар соли пор зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёгӣ, картошка, сабзавот, зағир, меваю ангур ғундоштаанд, аммо на масъулини идораи кишоварзӣ, на иқтисод ва на ҳукумат ва на раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин иттиллоъ дода натавонистанд, ки дар 1 гектар чӣ қадар хароҷот намуда, чӣ миқдор фоида ба даст овардаанд.

Мутаассифона, ба пурсиши журналистон дар бораи дар 1 гектар замин чӣ қадар хароҷот карда, зироат кориданд ва ба чӣ миқдор маблағ ҳосил ба даст оварданд, мутасаддиён ҷавоби аниқу саҳеҳ дода натавонистанд.

Ба андешаи банда, ҳар гуна бахши иқтисод таҳлили ҳаматарафаю чуқурро тақозо дорад.

Чӣ тавр дар ноҳияе, ки қариб замини обӣ надорад, 5268 тонна картошка, 100 тонна сабзавот истеҳсол шуда бошад? Ин саволҳо дар нишаст бепосух монданд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *