Полковники милитсия чаро ба пешонии табиб таппонча гузошт?
Додситонии вилояти Хатлон ҷанҷоли як афсари баландрутбаи Вазорати корҳои дохилиро бо сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун таҳқиқ мекунад, ки зимни он аз аслиҳа истифода шудааст. Мақомот аз шарҳи ҳодиса худорӣ намуданд.
Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, зимни даъвое дар шаби 31-уми декабри соли 2021 Пӯлод Барфӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун, ба пешонии Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳия, таппонча гузошта, пас аз кашокаш ба ҳаво ду тир холӣ кардааст.
Вазорати корҳои дохилӣ барои ин кор рӯзи 3-юми январ Пӯлод Барфиро аз мақомаш барканор кард. Айни ҳол Исроил Ғоибзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори ШКД дар ноҳияи Ҷайҳун аст.
Бино ба гуфтаи манобе, сабаби муноқиша ин будааст, ки гуё кадом хеши сартабиби Ҷайҳун нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ доштааст ва ба Пӯлод Барфӣ беэҳтиромӣ кардааст. Пӯлод Барфӣ дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки “ҳеч ҷанҷоле набуд”. Вазорати корҳои дохилӣ мавзуъро шарҳ надодааст, вале дар Додситонии вилояти Хатлон ҳодисаро тасдиқ карданд.
“Ҳодиса шаби Соли нав дар як тарабхонаи ноҳия рух додааст. Он ҷо раиси суди ноҳия ва сардори КДАМ дар ноҳия низ ҳузур доштаанд. Онҳо ҷанг байни ду нафарро халос карда, бо даъвати дигарон таппончаро аз дасти сардори ШВКД гирифтаанд,” — гуфт яке аз манбаҳо, ки нахост номаш фош шавад.
Ба гуфтаи мусоҳибон, то 3-юми январ ҳама иштирокчиёни ҳодиса онро пинҳон доштаанд ва мақомоти додситонӣ аз ин дертар огоҳ шудаанд.
Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳияи Ҷайҳун, рӯзи 5-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз мақомоти тафтишотӣ пурсед, ки чӣ ҳодиса шудааст.”
Полковник Қурбоналӣ Пӯлод Барфӣ даҳ моҳ пеш ба вазифаи сардори ШКД-и ноҳияи Ҷайҳун таъин шуд. Ӯро ба ҷойи Неъматулло Солеҳзода, ки бо иттиҳоми «суистифода аз мансаб» дар қазияи кочоқи тило боздошт шуд, ба ин вазифа таъин карданд. Пеш аз ин, ӯ сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ