Дар Вахш бо харҷи 8 миллион сомонӣ мактаб-интернат месозанд

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон корҳои сохтмонӣ дар мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор оғоз карда шудааст. Ҳамчунин, дар назди ин муассисаи таълимӣ хобгоҳ барои 480 нафар бунёд хоҳад гардид.

Бобоҷон Саидов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш ба Pressa.tj гуфт, ки иншооти мавриди назар аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятӣ-байналмилалии хайриявии «Эҳёи Сомониён» ва бо дастгирии молиявии Ташкилоти хайриявии Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб барои бештар аз 400 нафар сохта мешавад. Ӯ мегӯяд, ки арзиши корҳои сохтмонӣ бештар аз ҳашт миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар шафати бинои таълимӣ бунёди ошхона, ҳуҷраи тиббӣ ва толори вохӯриву мулоқот барои тарбиятгирандагон дар назар аст.

Сайфиддин Валиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш мегӯяд, ки баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ ва ифтитоҳи муассисаи мавриди назар хонандагони мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳия ба бинои нав кӯчонида мешаванд.

Бояд гуфт, феълан дар ноҳияи Вахш як мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дорад, ки дар он зиёда аз 270 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *