Партовгоҳро саривақт тоза намекунанд? Ба телефони боварӣ занг занед!
Бисёр вақт сокинони пойтахт аз он шикоят мекунанд, ки партовгоҳҳо саривақт тоза карда намешаванд. Ҳол он ки, мувофиқи тартиби дохилии муассисаҳои партовкашонӣ, партовгоҳҳои пойтахт бояд маротибае дар шабонарӯз тоза шаванд.
Агар партовгоҳи назди манзили шумо сари вақт тоза намешавад, метавонед бо рақамҳои зер ба “Муассисаи партовкашонӣ”-и ноҳияи зисти худ муроҷиат намоед:
“Муассисаи партовкашонӣ” дар:
н. Сино — 107-22-22-17
н. Фирдавсӣ — 987-60-94-94
н. Шоҳмансур — 888-08-01-16
н. Исмоили Сомонӣ — 224-55-95
Дар ҳолати бартараф нашудани мушкилот шумо метавонед ба мақомоти болоӣ, масалан ҳукумати ноҳияҳо шикоят кунед.
Рақамҳои ҳукумати ноҳияҳои пойтахт:
н. Исмоили Сомонӣ — (37) 221-06-34
н. Сино — (37) 250-30-24
н. Фирдавсӣ — (37) 233-63-23; 2-33-29-69
н. Шоҳмансур — (37) 221-07-61
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ