Посухи Абу Довуди «Дииш»-и ба Радиои Озодӣ(ВИДЕО)
Як узви гуруҳи «Давлати исломӣ», ки бо лақаби АБу Довуд машҳур аст, бо нашр видеое дар шабакаи иҷтимоии Ютуб, Радиои Озодиро барои гирифтани навори модару фарзандонаш маҳкум кардааст.
Ин ҷангҷӯи тоҷик, ки ҳоло дар сафи «Давлати исломӣ» дар Сурия меҷангад, Парвиз Саидраҳмонов ном дорад ва ду сол пеш аз тариқи Маскав ба Сурия рафта будааст. Ӯ дар ин навор мегӯяд, ки ҳеч чиз, ҳатто гирифтани навор аз модару фарзандаш ӯро аз ҷиҳод баргардонда наметавонад. Абу Довуд наворбардорӣ аз зану фарзанд ва модарашро фитнаангез номида, гуфтааст:»агар Шумо бо пахши хабари гумном шудани ман ва ба навор бардоштани модару фарзанди ман фикр кунед, ки маро аз роҳи ҷиҳод бармегардонед, иштибоҳ мекунед. Агар аз «мясорубка» ҳам гузаронед, то охири роҳ меравем.»
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Радиои Озодӣ барномаеро ба намоиш гузошт, ки дар он духтари хурдсоли Парвиз Саидраҳмонов як сарояндаи ҷавон бо номи Шаҳрёрро ба падараш монанд карда, ӯро падар хитоб мекунад. Модари Парвиз Саидраҳмонов дар ин видео мегӯяд, ки аввал бовар намекард, ки сароянда Шаҳриёр ба писараш монанд аст, вале баъде, ки дид монанд аст, ба ин ҳақиқат бовар кард.
Шаҳриёри Давлат ба хонаи Абу Довуд омада, дар ин навор фарзанди уро бағал мекунад. Хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин навори радиои Озодиро писандида буданд.
Навори барномаи Радиои Озодӣ инҷост:
Ёдовар мешавем, ки гуруҳи «Давлати исломӣ» як гуруҳи террористӣ буда, аксари кишварҳо ба мубориза алайҳи ин гуруҳ бархостаанд. Дар Тоҷикистон ҳам узвият ё тарафдорӣ аз ин гуруҳ ҷурм маҳсуб мешавад ва мақомоти тоҷик алакай корҳои фаҳмондадиҳӣ ва моқобила бо ин гуруҳро оғоз кардаанд.
Навори муроҷиати Абу Довуд ба кормандони Радиои Озодӣ
https://www.youtube.com/watch?v=wBw1iaJbLxs
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ