Эмомалӣ Раҳмон: Навбати Ишкошим расид

Имрӯз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, пешвои миллат бо сокинони ноҳияи Ишкошим самимӣ ва ғайримаъмулӣ баргузор шуд. 


Омӯзгор Умед Чоршанбеев ҳангоми мулоқот бо президент изҳор намуд, ки Шумо Пешвои Миллат ибтидо ба мо гуфта будед, ки бароятон кӯҳи тилло ваъда намекунам, аммо як бурида нонро бо ҳам мебинем. Имрӯз мо шоҳиди он ҳолатем, ки Шумо барои тамоми мардуми тоҷик кӯҳи тиллоиро ба по рост намудед. Духтарон ва ҷавононе, ки чӣ бо квотаи презизентӣ ва чӣ бо роҳи анъанавӣ  донишкадаҳои Олии ҷумҳурӣ хатм карда буданд, ба сарвари давлат барои ғамхории падарона изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Пирони рӯзгордида  аз фароҳам овардани фазои сулҳу ваҳдат дар кишвар миннадорӣ ва изҳори хушнудӣ намуданд. Президент ба вазирон ва раҳбарияти вилоят дастур дод, ки мушкилоти мардуми ниҳояи Ишкошим дар мавриди оби нӯшокӣ, кишоварзӣ ва бунёди роҳҳо сари вақт ҳал карда шавад. Ҳамчунин, ба Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид дастур дод, ки минбаъд аз ноҳияи Ишкошим бештар ҷавнон ва духтарон ба таҳсил ҷалб карда шаванд. Масъалаи минтақаи озоди иқтисодӣ, тиҷорати назди сарҳадӣ ва зинда доштани номи Вахонниз мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон санги асосии мактаби рақами  21-ро, ки муосир ва муҷаҳаз хоҳад буд, гузошт. Ӯ ошкоро изҳор намуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Вале то имрӯз ноҳияи Ишкошим каме аз мадди назар дур афтода буд. Акнун навбати Ишкошим расид,  гуфт, ӯ.

Аз номи сокинони ноҳияи Ишкошим Амирхонум ба президенти ҷумҳурӣ санги нодиреро аз қуллаи Сомониён туҳфа карда гуфт, ки ин санг дар Рӯзи Ваҳдат рамзи далерӣ, шуҷоат, бунёдкорӣ ва қаҳрамонии шумост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *