Посухи Шоҳин Самадӣ ба изҳороти вакили Русия

Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба гуфтаҳои Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия дар бораи дарси “Таърих” дар мактабҳои Тоҷикистон вокуниш кард.

Вокуниши Самадӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.  Ӯ  аз парлумони Тоҷикистон хоҳиш кард, ки “дар ҷараёни ҳамоиши дарпешистодаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе масъалаи изҳороти тоҷикситезонаи ин вакили парлумони Русия баррасӣ карда шавад”.

Михаил Матвеев гуфта буд, ки “дарси таърих дар мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон бар зидди Русия омӯзонида мешавад”.

Михаил Матвеев

Ба гуфтаи Шоҳин Самадӣ, ин суханҳо ба сиёсати байни Тоҷикистону Русия латма хоҳад зад. “Пеш аз ҳама мехостам, ки олимон, таърихшиносон ва намояндагони вазорати маориф дар ин мавзӯҳо посух диҳанд”,- таъкид дошт ӯ.

“Аз ҷониби худ ба ҷаноби Матвеев тавсия медодам, ки китоби дарсии “Таърихи Русия” (таҳти таҳрири Н. М.Арсентев, А. А. Данилов, Левандовский А. А.), қисми 1, барои синфҳои 9-ро, ки аз ҷониби мақомоти масъули Русия барои хонандагони муассисаҳои таълимии Русия тавсия шудааст, хонад. Бигзор ба саҳифаҳои 154 ва 155-и китоби дарсии мазкур таваҷҷуҳ кунад”,- навиштааст Самадӣ дар вокуниши худ.

Дар мавриди ба истилоҳ “генотсид” (наслкушӣ)-и солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон, ки Матвеев дар ин бора низ гуфтааст, Самадӣ андеша дорад, ки “ин барангехтани воқеии кинаву адовати байни миллатҳост, ки бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия ва Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”.

Самадӣ афзудааст,  ки “дар асл, шунидани ин гуна суханон аз шахсе, ки бо тоҷикситезӣ ва муҳоҷирбадбинӣ машҳур шудааст, тааҷҷубовар нест”.

Ба гуфтаи Шоҳин Самадӣ, ҳадафи изҳороти Матвеев “бозӣ бо эҳсосоти интихобкунандагони “зудбовар” аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *