“Пойтахт”-ҳо дар Душанбе иваз карда шуданд
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба қарори собиқ раиси шаҳр тағйирот ворид намуда, номи Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Пойтахт-80”-ро ба “Аҳорун” иваз кард.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, ки қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи тағйири номи «Пойтахт-80» 21 апрел содир шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин қарор гуфта мешавад, бояд директори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» Убайдулло Раҷабов ҷиҳати ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассиса ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе гузошта шудааст.
Дар қарори дигар, раиси шаҳри Душанбе амр кардааст, номи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази равобити пойтахт” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷавонон” иваз карда шавад. Ва дар асоси ду қарори дигари оқои Эмомалӣ “Маҷмааи савдои Пойтахт-90” ба “Бозори Меҳргон” ва «Боғи Пойтахт» ба «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» табдили ном кардааст. Дар як қарори дигари шаҳрдорӣ аз номи «Наврӯзгоҳи пойтахт» калимаи «пойтахт» бардошта шудааст. Аз ин баъд номи ин корхона «Наврӯзгоҳ» хоҳад буд.
28 марти соли равон Рустами Эмомалӣ номи меҳмонсаро ва телевизиони «Пойтахт»-ро ба «Душанбе» иваз карда буд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ