Ҷасади Аслиддин ба Тоҷикистон баргашт  

 

Мақомоти Узбекистон ҷасади Аслиддин Шоимов, сокини деҳаи Шулуми ноҳияи Турсунзодаро ба ҷониби Тоҷикистон баргардондаанд ва ӯ рӯзи ҷумъа дар қабристони ин деҳа ба хок супурда шуд. Наздикони Аслиддин гуфтанд, марзбонҳои Узбекистон баъд аз зуҳри 15 апрел ӯро дар минтақаи сарҳадии “Ахбара” парронда ва ҷасадашро бо худ бурда буданд.

Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабари аз Узбекистон гирифтани ҷасади Аслиддинро тасдиқ карданд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонӣ, гуфт, бо вуҷуди ин, ҳанӯз музокироти тарафи Тоҷикистон бо Узбекистон ҷараён дорад ва хулосаи он дертар ба матбуот ироа хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *