Марги террорист, дӯсти Кабирӣ кушта шуд  

 

Бино ба  хабари расонаҳои Афғонистон, нимаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ, бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини неруҳои эътилофӣ  дар қарияи Мулло Кулии вулусволии Дашти Арчии вилояти Қундуз, 11 нафар аъзоёни гурӯҳи террористии ҲНИТ, ки охири соли гузашта пайвастани хешро ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ”  эълон карда буданд, кушта шудаанд.

Дар раванди мушаххас намудани шахсияти кушташудагон аз тарафи мақомоти масъули Афғонистон, муайян гардидааст, ки дар миёни ҷангҷӯёни ДИИШ, сарвари ин дастаи террористӣ, собиқ узви Шӯрои сиёсии ташкилоти террористии ҲНИТ  Сафаров Шермаҳмад Муродович  низ мебошад.

Волидайни Сафаров аз зодагони водии Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ буда, худи ӯ соли 1969 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омада, ба воя расидааст. Дар солҳои 1992-1993 ба сафи ҷангиёни ҲНИТ ворид шуда, дар ҳайати дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангидааст. Баъдан, бо ҳаммаслаконаш ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор мекунад ва дар раъси ҳайати роҳбарии ҷиноҳи ҷангии ҲНИТ қарор мегирад. Ӯ муҳофизи шахсии С.Нурӣ ва дӯсти наздики Муҳиддин Кабирӣ буд. Аллакай дар ҳамон солҳо аз тарафи номбурда гурӯҳҳои махсуси ҷавонони раҳгумзада ташкил мешуданд ва дар таълимгоҳҳои террористии қаламрави кишварҳои минтақа сабақҳои омода намудани маводи инфиҷорӣ, тарзу усулҳои гузаронидани актҳои террористиро меомӯхтанд.

Соли 1997, баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, Сафаров ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, то соли 2010 хизмат кард. Ҳамчунин, ӯ узви фаъоли ҲНИТ боқӣ монда буд.

Моҳи сентябри соли 2015 дар ҳамдастии Сафаров бо гурӯҳи хиёнатпешаи Абдуҳалим Назарзода  ошкор шуд ва ӯ  бо роҳи убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ба қаламрави  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор кард. Дар хоки ин кишвар тибқи фармони бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ сарварии шохаи ҷангии ҲНИТ —  “Асоруллоҳ”-ро ба уҳда гирифт ва баъди ҳамроҳшавӣ бо  ДИИШ фармондеҳи тоҷикони ин ташкилоти террористӣ дар хоки Афғонистон таъин шуд. Тибқи тасдиқи расонаҳои кишвари ҳамсоя, Сафаров дар ҳудуди ин кишвар бо  насаби Муҳаммадкарим валади Муҳаммадсалим, зода ва истиқоматкунандаи вулусволии Моҳимайи вилояти Бадахшони Афғонистон будубош доштааст.

Тавре мебинем боз як нафаре, ки дар ҳаёт аз ҷониби ҲНИТ раҳгум задаву ба пайроҳаи ҷаҳолату ифрот бурда шуд,  охири аъмоли бади хешро дарёфт. Воқеан бори дигар тасдиқ шуд, ки:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад!

 

Шерзоди Назар,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *