Праваҳои қирғизӣ дар Русия эътироф мешаванд?

Президент Владимир Путин расман аз пешниҳоди эътирофи шаҳодатномаи ронандагии миллии Қирғизистон дар Русия монанди шаҳодатномаи белорусӣ ҷонибдорӣ кард. Дар ин бора сухангӯи ӯ Дмитрий Песков иттилоъ дод.
Ин пешниҳодро кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанон ироа кард. Худи порлумон 5 июл муроҷиати ҳамсонеро ба президент ирсол намуд.

Дар муроҷиатнома пешниҳод шуд, ба ҳуҷҷати ронандагии Қирғизистон мақоме дода шавад, ки ба шаҳодатномаи белорусӣ ҳамчун кишвари ҳампаймони Русия дода шудааст. Агар пешниҳод қабул шавад, шаҳрвандони Қирғизистон дигар маҷбур нестанд, аз забони русӣ имтиҳон супоранд ва бо шаҳодатномаи миллии худ метавонанд, дар Русия ронандагӣ кунанд.

Дар ҳоли ҳозир, аз 1 июни соли равон рондани мошинҳои боркаш, таксӣ ва автобус барои онҳо бо шаҳодатномаи ронандагии миллии худ дар Русия манъ шуд. Сабаби ин иқдом «надонистани забони русӣ ба таври кофӣ» арзёбӣ мешавад.

Вале ба огаҳии вакилони Думаи давлатӣ, дар Қирғизистон забони русӣ ҳамчун забони расмӣ истифода мешавад. Ба гуфтаи Песков, президенти Русия аз ин муроҷиатнома низ бо назардошти он ки бар пояи Конститутсияи Қирғизистон забони русӣ дар ин кишвар забони дувуми давлатӣ аст, ҳимоят хоҳад кард.

Моҳи августи соли 2015 Қирғизистон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомил гашт ва аз он замон ба ин сӯ, шаҳрвандони ин кишвар вазифадор нестанд, ки барои кор дар Русия иҷозатнома гиранд. Бо ин ҳол, дар баъзе аз минтақаҳои Русия ронандагии муҳоҷирони Қирғизистон ҳатто бо шаҳодатномаи русӣ ҳам манъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *