Мақоми нави Дилшод Назаров дар Осиё

Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё  Дилшод Назаров, чемпиони  Олимпиадаи  Рио-де-Жанейро-2016-ро беҳтарин варзишгари Осиё эълон кард.

Ин хушхабарро сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон расонаӣ карда, меафзояд, ки дар ин хусус ба унвони кумита номаи табрикӣ аз номи президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё  Дахлан ал – Ҳамад расидаат.

Ба ёд меорем, ки Дилшод Назаров дар Тоҷикистон ду сол пайиҳам дар солҳои 2015-2016 Варзишгари беҳарин  сол эътироф гардида буд. Дилшод чемпиони  Олимпиада-2016 оид ба гурзпартоӣ, ғолиби секаратаи Бозиҳои Осиё — 2006, 2010 ва 2014 барандаи ҷоизаи нуқра, Чемпионати ҷаҳон оид ба гурзпартоӣ-2015 чемпиони секаратаи Осиё -– 2009, 2013 ва 2015 мебошад.

Дилшод Назаров аз  6-ум то 9-уми  июл дар чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Бхубанешвари Ҳиндустон баргузор мешавад, шарафи варзишии кишварамонро ҳифз менамояд. Инчунин, ҳамроҳ бо ӯ варзишгарони сабук Даврон Атабаев (дав ба 100 ва 400 метр), Кристина Пронженко (дав ба  400 метр ва дав бо монеаҳо ба 400 метр), Одилшо Исматов (дав ба 800 метр), Алишер Пӯлодов, Азизҷон Абдуллоев (дав бо монеаҳо ба 400 метр) ва Григорий Дерепаскин ( дав ба 200 ва 400 метр) бахти варзишӣ месанҷанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *