Президент 1 сол муҳлат дод. Тағироти кадрӣ дар мақомоти прокуратура

Имрӯз, 14 феврал  дар мақомоти прокуратураи Тоҷикистон тағироти кадрӣ сурат гирифт.

“Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳои таъйиншуда ва ҳамаи кормандони дигари соҳаи прокуратура доир ба назорати татбиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз он, бахусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ ва заминфурӯшӣ дастуру супоришҳо дода, ҳамзамон ба забондонии кормандон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Бино ба иттилои расмӣ, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои

муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва муовини прокурори вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, прокурори ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, прокурори шаҳри Роғун, прокурори ноҳияи Нуробод, ҳамчунин сардорони якчанд раёсати дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ кадрҳои ботаҷриба ва ҷавону дорои маҳорати хуби касбӣ таъйин гардиданд.

Президенти мамлакат барои тамоми кормандони мақомоти прокуратура дар баробари забони модарӣ барои аз худ кардани ду забони хориҷӣ як сол муҳлат доданд.

“Агар хоҳед дар коратон комёб бошед ва соҳиби обурӯ шавед, бо мардум наздик фаъолият намоед, зеро иззату эҳтиром бо амру фармон дода намешавад”, — таъкид дошт дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *