БМТ ба аҳолӣ 87,8 миллион сомонӣ сабикаҳои тиллоӣ фурӯхт

Аҳолии Тоҷикистон соли 2023 дар ҳаҷми 87, 8 миллион сомонӣ сабикаҳои тиллоӣ харидаанд.

Дар ин бора имрӯз, 14 феврал раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, ки дар баробари Бонки миллӣ боз чанд бонки дигар ҳуқуқи фурӯши сабикаҳои тиллоиро доранд. Фурӯши сабикаҳои тиллоӣ аз 10 то 100 грамм барои аҳолӣ пешниҳод карда шудааст.

Ба гуфтаи Фирдавс Толибзода, сабикаҳои тиллоӣ роҳи боэътимоди нигоҳдорӣ ва афзоиши сармоя, инчунин имкони сармоягузорӣ ба металлҳои қимматбаҳо мебошад.

Мардум сабикаҳоро метавонанд ҳамчун туҳфа ё дороии сармоягузорӣ истифода намоянд.

Барои хариди сабикаҳои тиллоӣ шахсони воқеӣ бояд шиноснома, шахсони ҳуқуқӣ — шиноснома ва ваколатномаи ширкатро пешниҳод кунанд. Хариди сабикаҳо бо асъори миллӣ сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *