Президент аз мақомдорон хост зан ва маъшуқаҳояшонро кор монанд!

Президенти ҷуҳмури Беларус Александ Лукашенко аз мақомоти давлатӣ талаб кард, ки то 1 апрел хешону наздикон ва ҳатто маъшуқаҳои худро бо ҷойи кор таъмин кунанд. Дар ин бора хабаргузори Белта рӯзи 9 март гузориш дод.

«Агар зан ва маъшуқа бемор бошад, чӣ илоҷ, табобат мекунем. Аммо дигарон бояд кор кунанд» — гуфт Лукашенко.

Бар поияи «қонуни муфтхурӣ»-и Беларус, шаҳрвандони кишвар ва хориҷиҳое, ки ба таври доимӣ дар Беларус зиндагӣ мекунанд ва ним сол дар ҷойе кор накардаанд, бояд 170 евро молиёт супоранд.

Рӯзи гузашта, ба думболи намоишҳои эътирозии ахир дар чанд шаҳри Беларус, президент Лукашенко супурдани молиёти «муфтхурӣ»-ро» то як сол манъ карданд, аммо тарҳро комилан аз байн набурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *