Шодоб Ваҷдӣ – Эрон

Шабдарҳои ишқ

Бигзор то теппаҳои хомўш,

Садои қадамҳоеро бишнаванд,

Ки пур аз эҳсоси пуртапиши ишқ аст.

Ва гандумзорҳои зард,

Дар зардии беранги ғурўб,

Ба садои занҷараҳои меҳрубон.

Ва инъикоси садояшон

Дар ин фазои кушода,

Дар хоб раванд.

Меҳрубонтар аз дастҳоят,

Дигар дасте набуд.

Ва пуршукўҳтар аз нигоҳат,

Ки уфуқҳои бозро мековид,

Дигар нигоҳе нест.

Буттаи кўчак,

Дар сукути дараи хомўш,

Чигуна шабро таҳаммул хоҳад кард?

Вақте садои поки занҷара хомўш мешавад,

Ва гандумзорҳои зард,

Дар сиёҳии шаб ором мехобанд,

Ва бўи сабуки шабдарҳо, ки ишқангез буд,

Дигар пароканда нест,

Чигуна таҳаммул хоҳад кард?

Кўҳҳо ҳадди дараро мефишоранд,

Ва ангор, ки бо сиёҳшаб,

Қадам ба қадам пеш меоянд.

Буттаи кўчак чигуна таҳаммул хоҳад кард,

Ҳавоеро, ки дар он

Шабдарҳо бўи ишқро мунташир намекунанд?

Ба ҷода нигоҳ кун,

Ки чӣ саргардон мондааст.

Ва бо он ки меравад,

Наметавонад,

Аз шабе, ки меояд бигрезад.

Ҷодаро нигоҳ кун,

Ки чӣ навмед пойбанди замин аст.

Ва он буттаи кўчак,

Ки дар ҳуҷуми шаб танҳо хоҳад монд,

Кош метавонистам,

Замзамаи обро дар миёни гандумзорҳои зард,

Ва садои меҳрубони занҷараҳоро,

Дар сукути дараи хомўш,

Ва ҳама рангҳои сабзи ин дараи оромро,

Барои ту биёварам.

Ва меҳрубонии ҳамаи зарроти хокро,

Бо ҳама аҷзои табиат,

Якҷо ба ту ҳадя кунам.

Эй дўст,

Эй хотираи ҳамаи хубиҳо,

Эй кош метавонистам.

***

Сахра

Сахра будам дар дарёи бенишон,

Синаи кўҳи гарон кошонаам.

Сархуш аз анвори хуршеди ҷаҳон,

Ҷоми заргуни фалак паймонаам.

Дар дили маҳтобшабҳои хамўш,

Гўши ман бар нағмаи маҳтоб буд.

Гоҳ-гоҳе ҳам суруди хонаам,

Бонги мурғону навои об буд.

Дар канори бистарам фасли хазон,

Буттаҳои хор бас рўида буд.

Дар баҳорон ҳам машоми ҷони ман,

Атри ваҳши ғунчаҳо бўида буд.

Солу маҳ бисёр бигзашт инчунин,

Сахра будам, сахту хомўшу гарон.

Дардҳою сўзу сози зиндагӣ,

Дар қиболи сахтиям оби равон.

Лек рўзе оташи кўҳи ғамин,

Бар тану бар қалбу бар ҷонам расид.

Шуълаҳои дарди ҷони дигаре,

Сахтиямро диду дар роҳам давид.

Риштаҳои ҷони ман аз ҳам гусаст,

Пораҳои пайкарам дар тоб шуд.

Вой! Дидед он гаронсанги азим,

Ногаҳон дарҳам шикасту об шуд?!

Сахра будам дар диёри бенишон,

Пайкарам вайрон шуду овора шуд.

Он диле, к-аз ранҷи худ ҳаргиз насўхт,

Аз ғами дигар касон сад пора шуд!

شاداب وجدی- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *