Президент аз шарҳи Акрамӣ норозист

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ дар робита ба муқобил баромадани Зикриё Акрамӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, мукобили  таҷлили минбаъдаи солгардҳои таърихи шаҳру навоҳӣ, аст, изҳори норизои кард. 

Раҳимӣ қайд кард, ки пешниҳоди Акрамӣ ақидаи шахсии ӯст ва шарҳи додааш, ки гӯё таҷлили солгарди шаҳрҳо боиси нофаҳмиҳо миёни мардум мешаванд, нодуруст аст.

Ёдовар мешавем, ки Зикриё Акрамӣ директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон санаи 15 –уми декабри соли гузашта дар як ҷаласаи Парумони кишвар муқобил баданаш ба таҷлили солгарди шаҳру навоҳиро арз карда буд.

Акрамӣ дар посух ба суоли вакил Абдуҳалим Ғаффоров, ки омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм дар чӣ ҳоланд, изҳор дошт, ки беҳтар аст аз таҷлили солгарди таърихи шаҳру навоҳии кишвар худдорӣ намоем. Ӯ шарҳ дод, ки таҷрибаи таҷлили 3000-солагии Ҳисор ва дигар маҳаллу навоҳӣ боиси нофаҳмиҳо миёни мардум шудаанд.

Аммо Фарҳод Раҳимӣ мегӯяд, баръакс таҷлили солгарди шаҳру навоҳӣ аҳамияти бисёр бузург дорад ва барои шинохти тоҷикон ҳамчун мардуми бумӣ дар ин сарзамин бисёр муҳим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *