Президент ба Чин хоҳад рафт,аз 100 кишвар ба Душанбе меоянд
Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – ин ҳафта бо сафари корӣ ба Чин хоҳад рафт.
Ӯ рӯзҳои 9 ва 10-уми июн дар шаҳри Тсиндаои Чин дар нишасти солонаи сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок мекунад.Парвиз Давлатзода, сафири Тоҷикистон дар Чин, охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Пекин нишасти матбуотӣ доир кард. Ӯ тасдиқ кард, ки Эмомалӣ Раҳмон ин ҳафта барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Чин меравад.Ба қавли Давлатзода, дар барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон дар баробари иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Тсиндао, ҳамчунин, мулоқот бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин ва дидор аз вилояти Ҳенани ин кишвар ҷой дода шудааст.»Ба фикрам, саммити Тсиндао бо муваффақият ва дар сатҳи олӣ хоҳад гузашт. Бори аввал дар ин нишаст ҳайатҳои 8 кишвар, аз ҷумла ду узви нав ҳузур хоҳанд дошт. Нишаст чанд санади муҳим ва эъломияи Тсиндаоро ба имзо мерасонад. Дар ин ҳуҷҷат кишварҳои узв назари худро дар бораи рушди иқтисодӣ ва амнияти кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва рушди давомдори минтақа иброз хоҳад дошт», — афзуд ӯ.Бо истифода аз фурсат сафири Тоҷикистон хотирнишон кард, ки 20-уми июн бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон ва СММ дар Душанбе конфронси байналмилалӣ зери унвони «Об барои рушди давомдор» барпо хоҳад шуд, ки дар он ҳазор нафар аз 100 кишвари олам иштирок хоҳанд кард. Дар ин маҳфил масъалаҳои марбут бо ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ баҳс мешавад.Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой соли 1996 ҳамчун аҳдномаи Шонгҳой ташкил шуд, ки дар он кишварҳои ҳаммарз – Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон узвият доштанд. Соли 2001-ум Узбекистон ба узвияти ин аҳднома пазируфта шуд ва ҳамон сол Аҳдномаи Шонгҳой ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой табдил ёфт.Соли гузашта Ҳиндустон Покистон ба узвияти комили ин созмон қабул шуданд ва барои аввалин бор дар нишасти Тсиндао сари мизи музокирот хоҳанд нишаст. Ҳайатҳои Муғулистону Эрон дар нишастҳои ин созмон ба ҳайси нозир иштирок мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ