Президент ба Хуҷанд рафт

Субҳи имрӯз, 26 июл Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Субҳи имрӯз, 26 июл Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз шаҳри Исфара боздид ба амал оварда, бо вазъи зиндагии сокинони шаҳр ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ аз наздик шинос хоҳад шуд.

Интизор меравад, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой мулоқот кунанд.

Ин дидори президентҳои ду кишвари ҳамсоя дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар зарфи се рӯзи ахир ин минтақа саҳнаи муноқишаҳои сокинони Исфара ва Бодканд буд.

Бар асари задухӯрд ва тирандозӣ Ҷалолиддин Қароеви 52-сола, сокини Ворух кушта шуда ва аз ҳар ду ҷониб ҳудуди 20 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25 июл иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо сокинони маҳаллӣ вохӯрӣ анҷом дода ва сипас, дар шаҳри Исфара гуфтугӯҳои худро идома медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *