Президенти Туркманистон пас аз “марг” дар телевизион зоҳир шуд

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ки ҳафтаи гузашта хабари маргаш дар расонаҳо пахш шуд, шаби гузашта дар телевизиони давлатӣ зоҳир шудааст.

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ки ҳафтаи гузашта хабари маргаш дар расонаҳо пахш шуд, шаби гузашта дар телевизиони давлатӣ зоҳир шудааст.

Вай дар шабакаи телевизоини давлатии Altyn Asyr аз мушкилоти иҷрои лоиҳаҳои сохтмонӣ дар шаҳри Ишқобод-пойтахт суҳбат кард.

Мақомоти расмии Туркманистон қаблан гуфта буданд, президент зинда ва саломат буда, ҳоло дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад.

Рӯзи 20 июл сиёсатшинос Аслан Рубаев дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет хабари марги Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистонро пахш кард ва ба дунболи он бештари хабаргузориҳои Русия дар ин бора хабар доданд.

Канали Erkin Turkmenistan (Туркманистони озод)  дар шабакаи YouTube гузориш дод, рӯзҳои 20 ва 21 июл президенти ин кишвар дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дошта ва танҳо рӯзи 22 июл ба худ омадааст.

Вале Сафорати Туркманистон дар Маскав ин хабарро рад карда ва онро “дурӯғи маҳз” хонда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *