Президент ба наздикони сайёҳон изҳори тасаллият кард

 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста  ба ҳодисаи ҳалокати 4 сайёҳи хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ки миёни онҳо ду нафар аз Амрико, як нафарӣ аз Нидерландия ва Швейтсария мебошанд, ба сарони ин кишварҳо номаи тасаллият ирсол кард.

 Ҳодисаи ҳалокати сайёҳони  хориҷӣ баъд аз зӯҳри 29-уми июл дар Себистони Данғара, рух дод.Дар номаҳои ҷудогона ба Доналд Трамп,президенти  Амрико, Виллем-Александр​, подшоҳи Нидерландия ва Ален Барсе, президенти Конфедератсияи Швейтсария, Эмомалӣ Раҳмон аз фоҷеаи ба ҳалокат расидани шаҳрвандони ин кишварҳо бар асари аз ҷониби ронандаи як худрав пахш кардани гурӯҳи сайёҳон, изҳори таассуф кардааст.Ӯ  зимни тасаллият ба наздикон ва пайвандони қурбониёни ин ҳодиса гуфтааст, ки барои муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амал, ниҳодҳои кишвар ҳама чораҳоро хоҳанд андешид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *