Холиқназар: “Диссернет” як хубӣ дорад…

Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш дар мавриди пойгоҳи интернетии “Диссернет” гуфт, ки фошкориҳои ин пойгоҳро қабул надорад ва он ғаразе беш нест.

-Аммо, — гуфт Холиқназар, — як хубии ин пойгоҳи интернетӣ, ки гӯё асардуздии олимони тоҷикро фош кард, як хубӣ дорад: баъди ин шӯроҳои ҳимояи мо ба сифати асарҳои илмӣ диққати бештар хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи “Диссернет” соли равон теъдоди зиёди олимони кишвар, аз ҷумла мансабдороне ки унвони илмӣ доштанд бо асардуздӣ муттаҳам кард.

Холиқназар мегӯяд, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки шӯрои илмӣ ва маҷаллаи илмӣ дорад, ба сифати асарҳои илмӣ аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *