Президент ба падари Шавкатҷон, Зироатхон ва Саидахон мошин тӯҳфа кард

Дар оилаи Ислом Исроилов, сокини шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон рӯзи 1 май сегоник ба дунё омада ва ба онҳо Шавкатҷон, Зироатхон ва Саидахон ном гузоштанд.

Дар оилаи Ислом Исроилов, сокини шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон рӯзи 1 май сегоник ба дунё омада ва ба онҳо Шавкатҷон, Зироатхон ва Саидахон ном гузоштанд.

Кӯдакони навзод  ба ифтихори президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ҳамсари вай Зироатхон Мирзиёева ва духтари калонии президент Саида Мирзиёева номгузорӣ шудаанд.

Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, ба хонаводаи сегоникҳо аз номи Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон  мошини навъи Cobalt, се коляска ва дигар тӯҳфаҳо тақдим карданд.

Дар ҳамин ҳол, иддаи зиёди корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳамчунин номгузориро навъи «тамаллуқ ва хушомадгӯӣ барои тӯҳфа» арзёбӣ кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Ӯзбекистон сегоникҳоро ба ифтихори президент номгузорӣ мекунанд.

25 марти соли ҷорӣ Президенти Ӯзбекистон ба хонаводае аз шаҳри Бухоро, ки ба сегоники худ Шавкат, Мирамон ва Мирзиё ном гузошта буданд, автомашинаи Cobalt тақдим карда буд.

Дар гузашта ҳам волидон сегоникҳояшонро ба ифтихори президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов ҳам номгузорӣ карда буданд.

Дар соли 2013 ба сокини шаҳри Тошканд Гулшан Ҳайдарова соҳиби чаҳор писар шуда ва онҳоро Ҳасан, Ҳусейн, Ислом ва Карим номгузорӣ карда буд, аз номи Президент Каримов манзили сеутоқа тақдим шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *