Дар Тоҷикистон аз садама одамон бештар нобуд мешаванд

Бар асоси гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) ҳамасола дар Тоҷикистон аз ҷумлаи 100 ҳазор аҳолӣ 18 нафар ба асари садама ҳалок мешаванд.

Бар асоси гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) ҳамасола дар Тоҷикистон аз ҷумлаи 100 ҳазор аҳолӣ 18 нафар ба асари садама ҳалок мешаванд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки мизони маргу мири одамон дар Тоҷикистон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ нисбат ба нишондоди кишварҳои Аврупо ду баробар бештар будааст.

Гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 7 май дар мизи гирди “Бехатарӣ дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” муъаррифӣ шуд.

Тибқи ин гузориш ҳамасола бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон 1, 35 миллион нафар ҷон мебозанд, ки бештари қурбониён аз 5 то 29 ҳастанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз талафоти зиёди ҷонӣ дар роҳҳои автомобилгард аз омилҳое чун суръати хеле баланд, идораи воситаҳои нақлиёт дар ҳолати сархушӣ пешгирӣ шуда, аз камарбанди амниятӣ истифода шавад, роҳҳои зеризаминӣ барои пиёдагардҳо бунёд гардад ва кумаки аввалияи тиббӣ ба осебдидгони садама беҳбуд ёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *