Президент дар Бишкек, баъд ба Ню Йорк меравад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз  дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек иштирок хоҳад кард. 

Тибқи иттилоияи дафтари матбуоти президенти  Қирғизистон дар баробари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Бишкек иштироки президентҳои Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Белорусия, Қазоқистон, сарвазирони Туркманистону Молдова ва вазири умури хориҷии Узбакистон дар назар аст.

Инчунин дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кунад. Бар асоси иттилои мақомоти тоҷик Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми 20-уми сентябр дар иҷлосияи 71-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ хоҳад кард. Маркази иттилоотии СММ, иттилоъ додааст, ки музокироти умумии солона 20 сентябр оғоз гардида, то 26 сентябр идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *