Мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 144-уми ФИФА

 Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол тибқи феҳристи нави Федератсияи ташкилоти байналмилалии футбол (ФИФА) ҳамоно дар зинаи 144-ум қарор дорад. Дар ин бора сомонаи ФИФА 15 сентябри соли равон иттило додааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ин зина бо 215 хол мавқеъ гирифтааст, ки нисбат ба моҳи гузашта (11 август) 7 хол  камтар мебошад. Дар ин муддат дастаи Ҳаким Фузайлов ду вохӯрии рафиқонаро мусовӣ бо мунтахабҳои Сурия (0:0)  ва  Фаластин (1:1) гузаронида, аз ҳарду бозӣ мутаносибан 81 ва 72 холро соҳиб шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни дастаҳои миллии кишварҳои Осиёи Миёна ҷойи 24-умро ишғол кардааст. Дар садри ин дастаҳо мунтахаби Эрон меистад. Ҷойи дуюмро мунтахабҳои Австралия ва сеюмро Кореяи Ҷанубӣ касб намудаанд.

Феҳристи нави ФИФА санаи 20 октябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Эмом НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *